Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Озодии матбуот


Cалими Аюбзод Ба назари Шумо, озодии матбуот чист ва чаро одамон талабгори онанд? Шумо кадом расонаҳои ахбори умумро озод мешуморед ва ба имконияту маҳорати журналистон дар ҳифзи озодии матбуот чӣ баҳо медиҳед?

Озодии матбуот вуҷуд дорад.
Матбуот бояд ҳмаи хабарҳоро дар вақташ, бе ягон ҳила ба халқ расонад ва бояд дар ин кор ба он халал расонда нашавад.
Аммо матолиби матбуот бояд ба оромию субот роҳ кушоянд, на ба парешонӣ ва нооромӣ.
Матбуот бояд тавре сухан гӯяд, ки касеро наранҷонад, балки бовар кунонад.
Фаридун Маҳкамов
-----------------------------------------------
Озодӣ бо ҳамаи навъҳояш мубрамтарин масъалаи фалсафаи муосири ҷаҳон аст. Озодии баён низ навъе аз озодист, ки ормони ниҳоии чандин насл буду ҳаст. Имрӯз дар Тоҷикистон озодии матбуот ҳаст, вале матбуоти озод нест. Зеро ба назари коршиносон, матбуоти озод ҳамонест, ки дар тамоми ҷанбаъҳои фаъолият мустақил ва номаҳдуд бошад. Дар Тоҷикистон чунин расона орзу буда метавонаду бас. Фикр мекунам, барои расидан ба матбуоти озод дар Тоҷикистон бисёр корҳоро анҷом додан мумкин аст ва ин корҳо метавонанд, гуногун бошанд.
Иршоди Интиқод, шаҳри Душанбе
----------------------------------
Towards balancing Press Freedom with Press Accountability

Navruz Nekbakhtsho
Graduate Student at Duquesne University Pittsburgh, Edmund S. Muskie Graduate Fellow

In response to your questions on the situation of media in Tajikistan I would like to particularly and inderectly deal with the last question , that is the interaction of media and government by putting into perspective a policy oriented proposal aimed at the need to balance concerns about press freedom with a greater emphasis on press responsibility. Rather than directly answering your question as to how the relationship between the media and govermnet is shaped at the present time, I would better offer some of my personal perspectives and of experts overwhelmingly dealin with media issues in order to caution about "destructive encouter" stemming from imbalance of Freeddom and Accountability and lay a groudwork for a creative encounter to become a possible future government media realtionship.
Taken by the strong waves of Democracy in my view, we are sometimes too preoccupied with the rights of the press as an independent social critic - and we pay too little attention to the obligation of the press as an influential social leader.
Too often, the press seems to be caught up with that obsessive individualism which seems so rampant in our world, an expectation that we must make our way in life through a sort of meritocratic free-for-all, ignoring those who are hurt in the process and those who are left behind.
Too often, we join in the celebration of success for its own sake, regardless of the means by which it was achieved or its impact on society. Too often the media spotlight overlooks the corrupt or manipulative methodology and dramatizes the triumphant result. Too often, the right of an individual or the right of a publication to unfettered self-_expression is enshrined as the most sacred of all values - independent of its impact on social or moral standards.
One of the most familiar of western political values is expressed in the phrase: "Freedom of the Press". I believe that Press Freedom, properly understood, is a universal human right. But we must be careful about how we define it and that it does not isolate the press from the rest of the social order. What is originally meant - and properly still means for me - is that the press should be free from the control or constraint of governments, and strong enough to resist all forms of intimidation.
Why is this precept so important? Because the health of any government should depend on public evaluation of its work. Not even the most enlightened government can do this for itself. And only if a pluralistic press is allowed to report freely about any government, will the public be able to hold their governments accountable.
The problem comes, of course, when Freedom of the Press is stretched beyond this meaning and used to shield the press - not just from government interference, but from any sense of social accountability. And that is when press liberty turns into press license.
Just as press freedom is a means for holding governments accountable, so must the press itself be held accountable for the way it does its work.
Accountable to whom? To the political leaders of the moment? Never. To the larger community and the cultures that comprise it? Always - provided we see the community not as a mere majority of the moment, but as an organic, pluralistic entity.
In short, it is important to pursue a concept of Press Freedom which not only means Freedom "from" but also Freedom "to" - not just Freedom from improper governmental constraints but also Freedom to advance the common purposes which give meaning to our lives.
Such a sense of social accountability is not an easy thing to achieve. It must begin with those into whose care the institutions of the press have been entrusted, our editors and proprietors. Those who are in charge must really be in charge.
Freedom of the Press does not mean the right of any journalist to write and to publish anything he or she wants to say. It is not acceptable for a reporter to cry "censorship" when an editor or a publisher questions his accuracy or his judgement. Nor is it acceptable for editors, managers and proprietors to slip their solemn responsibilities by invoking the same line of defence.
They may sometimes say they don't want to "meddle" with the contents of their publications. This is a weak and dangerous excuse. And too often that comment really disguises an abdication of moral responsibility.
This abdication is particularly troubling when it is used by proprietors or editors to mask their personal quest for financial gain or political influence - or to sustain divisive sectarian agendas. For in the final analysis, the press and those who manage it must also be held accountable to the collective judgements of the community.
Responsible journalists and managers will not want to shield themselves from such judgements. To the contrary, they will eagerly seek them out. They will want to know what thoughtful readers are saying and how responsible advertisers are thinking. They will talk constantly with scholars and religious leaders, with artists and business leaders, with scientists and labor leaders, with educators and community leaders - and yes, with politicians and diplomats and governmental leaders as well. And through such continuing interaction they will develop and refine their sense of how the larger community can best be served.

------------------------------------------------
Озодии иқтисодӣ ва ё озодии сухан? Нашрияҳое ҳастанд, ки яке аз инҳоро доранд, аммо аксарият на инро дорад ва на онро. Он ки мегуфтанду мегуфтем, ки "Рӯзи нав" ва "Нерӯи сухан" ҳафтаномаҳои озод ҳастанд, хатост. Онҳо фақат аз он ҷиҳат писанди мардум буданд, ки ҳукуматро танқид мекарданд. Вале худи интихоби ин мавқеъ ва "дармондан" дар он аллакай озодӣ нест. Аз сӯи дигар, чи гуна озодӣ буда метавонад, вақте чопхонаҳо нашрияҳои бахусусро чоп намекунанд.
Масъалаи сеюм, сатҳи ҳунарист, ки дар пояи начандон баланд қарор дорад. Матбуоти озод орзуи мардум аст, вале ба ин зудиҳо ҷомаи амал нахоҳад пӯшид.
Ба қавли ҳазрати Сойиб:
Озодии мо дар гарави пухтагии мост,
Овехтааст аз раги хоме самари мо!
Дабири Кабир, ноҳияи Ашт
------------------------------------------
Ман фикр мекунам, пеш аз ҳама бояд ҳукумати мо талабгори озодии матбуот бошад. Ин ақида дуруст нест, ки озодии матбуот ҳатман сабаби низоъ ва нооромӣ мешавад. Баракс, онгуна ки дар намунаҳои ҷаҳонӣ мебинем, озодии матбуот пояи аслии суботу пешрафти ҳар кишвар аст. Агар ҷомеа мушкилоти зиёд дорад ва мехоҳад, онҳоро ислоҳ кунад, бе озодии матбуот ба ин ҳадаф ҳаргиз нахоҳад расид.
М. Файзулло, шаҳри Душанбе
------------------------------------------
Салом, кормандони радиои Озодӣ.
Озод будани матбуот дар ҳар ҷомеа нишондиҳандаи дараҷаи демукросии он ҷомеа ба шумор меравад. Озодии матубот, яъне ҳар фард тавонад, ҳар фикру андешае ки дорад, ба воситаи матбуот, чи электронӣ ва чи чопӣ, изҳор намояд, аммо дар ҳудуди муайяни ахлоқие, ки дар байни мардум роиҷ аст.
Озодии матбуот ҳаққи ҳар шаҳрванд аст ва он ба ҳеҷ ваҷҳ набояд поймол гардад. Бо истифода аз озодии матбуот мардум метавонанд, дар пешрафти ҷомеа нақше дошта бошанд.
Ман махсусан интернетро як василаи озодии матбуот мешуморам. Ин аст, ки ҳатто нашрияҳо муродифи интернетии худро боз мекунанд.
Нақши хабарнигорон хеле муҳим аст, ба шарте ки онҳо ростгӯ ва ҳақиқатбин буда, аз фитнагариву иғвоангезӣ дурӣ ҷӯянд. Мо ҳарчи бештар ба журналистони ростгӯ ва ростбину бомаҳорат ниёз дорем.
Фарорудӣ
-------------------------------------------
Гумон мекунам, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ матбуот озод набуд ва нахоҳад буд. Барои он ки озодии матбуот танҳо барои мардуми ғайритоҷик офарида шудааст. Хоса аз лаззати озодии баён танҳо аврупоиён шаҳд мечашанду халос. Зеро шоири тавонони тоҷик замоне гуфта буд, ки "озодии мо дар гарави пухтагии мост". Аз ин рӯ озодии матбуотро ин мардум дар хоби ширин мебинад!
Додварз
----------------------------------------------
Ба назари банда озодии матбуот ва озодии баён ин модари демократия аст. Агар дар ҷомеае ки озодии матбуот ва озодии баён набошанд, демократия ҳам дар он ҷо вуҷуд надорад.
Ба ин хотир одамон талабгори онанд, ки аз вазъи ҷоемаи худ огоҳ бошанд, аз коррупсия, иқтисодиёт, фарҳанг, поймол шудани ҳуқуқи инсон ва роҳҳои аз бӯҳрон баровардани ҷомеаи хеш бохабар шаванд. Агар матбуот ва расонаҳои хабарӣ вуҷуд надошта бошанд, одамон аз куҷо медонанд, ки ҳукумат ба чи корҳо машғул аст ва ё дар ҷомеаи онҳо ва дар ҷаҳон чи воқеъаҳо ба амал меояд.
Бо эҳтиром Бобо Умарбекзод
-----------------------------------------------
Файласуф ва донишманди бузурги аврупоии садаҳои XVII-XVIII Волтер, ки яке аз асосгузорони ғояҳои демократияи навин ба ҳисоб меравад, гуфта буд "шояд ман бо фикри шумо розӣ набошам, ВАЛЕ МАН ТАЙЁРАМ ҲУҚУҚИ ШУМОРО БА БАЁН КАРДАНИ ИН ФИКР ТО ДАМИ ОХИРИНИ ҲАЁТАМ ДИФОЪ НАМОЯМ."
Озодихоҳ
XS
SM
MD
LG