Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоизаҳо ба муносибати иди истиқлол


«Барои хидматҳои шоиста ва ширкати фаъолона дар рушди иқтисодиёт, илм ва ҳаёти ҷамъиятӣ» бо амри президент Раҳмонов, Матлубхон Давлатов - раиси кумитаи назорати давлатии молиявии Тоҷикистон бо ордени Исмоли Сомонӣ дараҷаи 1 ва академик Ҳомид Мансуров - раиси фахрии пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 3 мушарраф шуданд. Ҳамзамон барои саҳм доштан дар таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамкории байни миллатҳо президент Раҳмонов шахсан ба Максим Пешков, раиси департаменти вазорати хориҷаи Русия, дар собиқ сафири Русия дар Тоҷикистон ва Виталий Наумкин, садри маркази пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Русия ордени «Дӯстӣ»-ро тақдим кард.

Бархе аз адибону фарҳангиёни кишвар ва кормандони вазоратҳои қудратӣ барои хизмати махсус дар рушди адабиёту санъат ва маориф бо орденҳои Спитамен, Ордени Шараф, Нишони Ҷасорат, Хизмати шоиста ва нишони Шафқат мушарраф шуданд. Сталина Азаматова-таҳиягари театри опера ва балети ба номи Айнӣ ва Асланшоҳ Раҳматуллоев, ҳунарпешаи таатри Оина унвони фахрии «ҳунарманди халқӣ» ва раққосаи гурӯҳи «Таронаи Хатлон»- Зӯҳро Назарова унвони ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикиситонро гирифтанд.

Қурбон Восиев-мушовири калони президенти Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, аз теъдоди бузурги номзадҳо, ки ба дастгоҳи президенти кишвар пешбарӣ шудаанд, баъди омӯхтани ҳамаҷониба беҳтаринҳо, ки дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи амният ва марзу бум ва эҳёи мероси фарҳангиву таърихӣ саҳми назаррас доштаанд, интихоб шудаанд. Қурбон Восиев гуфт, маросими додани ҷоизаву унвонҳо ҳар сол дар арафаи ҷашни истиқлолият баргузор мегардад.

Дар ҳамин маврид, дар иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон низ маросими додани ҷоизаҳои ба номи Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода баргузор шуд. Камол Насрулло, муовини раиси иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон мегӯяд, аъзои раёсат барандагони ҷоизаҳоро бар асари овоздиҳии пӯшида интихоб карданд ва дар натиҷа, нависанда Ҷонибек Акобиров ва адабиётшиноси маъруф, Абдунабӣ Сатторзода ҷоизаи ба номи Айниро соҳиб шуданд. Мунаққиди дигар Атахон Сайфуллоев ва шоир Алимуҳаммад Муродӣ барандаи ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода шуданд. Ҷоизаҳои олӣ барои адибон, ки то замони ахир 500 сомонӣ баробар ба 170 доллари амрикоӣ арзиш дошт, ҳамакнун то 1000 доллари амрикоӣ боло рафтаанд.
XS
SM
MD
LG