Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Якуним миллион доллар ба Тоҷикистон


Ҳукумати Швейтсария барои анҷоми як тарҳе бо ҳадафи дастгирии Тоҷикистон барои шомил шудан ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат яку ним миллион доллар ҷудо кардааст. Ин кӯмак дар чаҳорчӯбаи як барномаи вижаи мадад ба Тоҷикистон, ки аз ҷониби ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мешавад, тахсис ва барои рушди иқтисод ва коҳиши сатҳи фақр дар Тоҷикистон нигаронида шудааст. Ҳадафи ин барнома мусоидат ба вуруди Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат мебошад ва узвият дар ин созмон аз аҳдофи авлавиятноки ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб мегардад.
XS
SM
MD
LG