Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Миллат" рӯи чоп омад


Дар рӯзи панҷшанбеи 1-уми сентябр як нашрияи тозатаъсиси ҷамъиятиву сиёсии мавсум ба «Миллат» рӯйи даст омад. Нашрияи мазкур дар ҳаҷми 16 саҳифа ва ба теъдоди якуним ҳазор нусха чоп шудааст. Дар саҳифаи аввали ин ҳафтавор омадааст, «Ин тасаввур ғалат аст, ки матбуот бояд давлатӣ бошад ё мухолифи давлат. Матбуот ва рӯзнома ва расона бояд фаъолияти хабарнигорӣ бикунад, на кори сиёсӣ ва муборизаи сиёсӣ. Ҳадафи як нашрияи тозатаъсис низ наметавонад ғайр аз мусоидат ба рушди матбуот, ки шарти муҳими тақвияти истиқлоли давлат аст, чизи дигаре бошад». Нуралии Давлат, муовини сардабири ҳафтавори «Миллат» дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ин нашрия бо вуҷуди ҷамъиятӣ ва сиёсӣ будан, қасд надорад, барои аҳзоби сиёсӣ, намояндагони ҳукумат ва гурӯҳу ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати таблиғи ормонҳои худ минбар пешниҳод созад.


Шумораи нахустини «Миллат» матолиби сиёсӣ ва иҷтимоӣ, мисоли «Нерӯи беСухан», «Коррупсияи расмӣ дар соҳаи тиб» ва «Саги амрикоӣ дар масҷиди афғонӣ»-ро фаро гирифтааст. Нуралии Давлат, муовини сардабири ин ҳафтавор мегӯяд, бидуни ғараз ва мунсифона таҳлилу баррасӣ кардани масоили мубрами рӯзи Тоҷикистон аз аҳдофи аслии ноширони ин ҳафтавор аст. Дар ҳамин ҳол, бар асоси иттилоъи ноширони рӯзномаи «Миллат», ояндаи наздик дар заминаи ин нашрия ҳамчунин таъсис додани як оҷонсии хабарӣ бо номи «Миллат» дар назар аст.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG