Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар сабқати бонувони кишварҳои исломӣ


Беш аз 100 зани варзишгар аз Тоҷикистон дар чаҳорумин бозиҳои бонувони кишварҳои исломӣ дар Теҳрон ширкат хоҳанд кард.

Дар ин бора Баҳрулло Раҷабалиев, раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони маҳаллӣ ва хориҷӣ хабар дод. Вай афзуд, дар ин бозиҳо, ки аз 22 то 28 сентябр дар пойтахти Эрон баргузор мешавад,тими мунтахаби Тоҷикистон дар ҳашт риштаи варзиш рақобат хоҳад кард.

Ризо Қарахонлу, раиси Кумитаи миллии олимпии Эрон ба хабарнигорон гуфт, то имрӯз 43 кишвари ҷаҳон хоҳиши ширкат дар рақобатҳо намудаанд.Ҷаноби Қарахонлу иброз дошт, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон барои саломатии занон ва рушди ҷойгоҳи варзиши бонувон аҳамияти хосеро қоил ҳаст ва ба ин далел барои чандумин бор мизбонии ин мусобиқотро ба ӯҳда гирифтааст.
XS
SM
MD
LG