Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба мактабҳои Тоҷикистон 9 ҳазор омӯзгор намерасад


Рӯзи якуми сентябр ҳудуди чаҳор ҳазор мактаби таҳсилоти ҳамагониву гимназия ва литсей дар Тоҷикистон дарҳои худро ба рӯи беш аз як миллиону ҳафтсад ҳазор хонанда боз кард. Имрӯз, барои бештар аз 186.000 хурдсол, ки барои нахустин бор ба мактаб қадам мениҳанд, занги аввал садо дод. Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, дар мавсими нави хониш беш аз панҷоҳ мактаби нав ва тармимшуда дар саросари кишвар ба истифода дода шудааст. Бино бар гуфтаи Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи кишвар, имсол аз бунёди захиравии раиси ҷумҳур беш аз 8 миллион сомонӣ ҷиҳати таъмиру сохтмони мактабҳо ҷудо шудааст. Ва аммо дар таъмиру тармими макотиб аз волидон низ маболиғ ҷамъ шудааст, гуфт Рашид Салоҳов, мудири бахши сохтмони вазорати маориф. Ва аммо ба гуфти ӯ, ин маболиғ на ба таври иҷборӣ ҷамъ шудааст. Аз мушкили дигари соаҳи маориф дар имсол, нарасидани муаллимон дар мактабҳои миёна будааст. Тибқи иттилоъи Вазорати маорифи Тоҷикистон, мактабҳои миёнаи ин кишвар ба ҳудуди 9 ҳазор омӯзгор ниёз доштаанд.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG