Пайвандҳои дастрасӣ

Ман ба мактаб (на) меравам!


Кӯлоб Дар макотиби таҳсилоти ҳамагонии Кӯлоб соли нави хониш беш аз 42.000 кӯдак паси мизи тадрис менишинанд. Ва аммо теъдоди кӯдаконе, ки ба мактаб намераванд, номуайян аст.

Дар арафаи соли нави хониш дар шаҳри Кӯлоб дар чаҳорчӯбаи омодагиҳо ба ҷашни 2700 солагии Кӯлоб боз як мактаби таҳсилоти ҳамагонии ҷадид мавриди истифода қарор гирифт. Тибқи иттилоъи шӯъбаи маорифи шаҳр ин саввумин мактаб аст, ки тӯли як соли ахир дар шаҳр фаъол гардид. Ва аммо ду мактаби қаблӣ, ки дар арафаи соли хониши 2004 мавриди истифода қарор гирифтанд, тӯли сол хароб шуданд. Мактаби ба номи Худоёр Раҷабов як моҳ баъд аз истифода хароб шуд. Ва аммо мактаби ба номи Ашӯри Сафар ба оҳистагӣ фурӯ меравад. Дар ҳамин маврид, макотиби таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Кӯлоб бо 6.000 мизу курсӣ ва 10.000 китоби дарсӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Давлат Амир - раиси шӯъбаи маорифи Кӯлоб мегӯяд, беш аз 50 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва 1 мактаб интернати махсус, ки дар 120 кӯдаки маълӯл таҳсил доранд, бо китобҳо таъмин шудаанд.

Ва аммо Шарифамоҳ Идиева, як сокини Кӯлоб мегӯяд, ки ин китобҳо ройгон нестанд. Барои китоб масъулин аз волидайн пул меситонанд ва охири сол китобҳоро бозпас мегиранд. Ба истилоҳи дигар барои як китоб чанд насл пул медиҳад ва боз ҳамин китоб дар ихитёри мактаб мемонад: «Духтари ман дар синфи 3 ва писарам дар синфи 2 мехонад. Ҳамон китоби духтарамро, ки ман харида будам, охири соли хониш мактаб гирифт ва имсол ман ҳамон китобро боз мехарам, аммо ин дафъа барои писарам.»

Дар макотиби таҳсилоти ҳамагонии Кӯлоб соли нави хониш беш аз 42.000 кӯдак паси мизи тадрис менишинанд. Ва аммо теъдоди кӯдаконе, ки ба мактаб намераванд, номуайян аст. Зеро омори расмӣ дар ин самт вуҷуд надорад. Ва аммо дар шаҳр теъдоди кӯдакони кӯчагард ва талбанда коҳиш наёфтааст. Ситора, як кӯдак, ки наздики мазори Алии Ҳамадонӣ бо гадоӣ ба сар мебарад, мегӯяд, чанд сол аст, ба мактаб нарафтааст. Бархе аз атфол, ки ба умеди падари муздур будаанд, низ имкони харидории либоси мактабиро надоштаанд. Ин дар мавридест, ки ба иттилоъи Давлат Амир, раиси шӯъбаи маорифи Кӯлоб дар соли нави хониш либоси ягонаи мактабӣ роиҷ аст ва дар фурӯшгоҳҳои маҳаллӣ ин либос бо қиммати дастрас ба фурӯш меравад. Волидайн мегӯянд, дар аксари маврид, барои харидории либоси мактабӣ пул надоштаанд, зеро «Қиммати як формаи мактабӣ 45-50 сомонӣ асту маош 15-20 сомонӣ»

Аз сӯи дигар, вазъ дар макотиби таҳсилоти ҳамагонии акнофи шаҳр бад аст. Ҷаноби Давлат Амир мегӯяд, дар мактабҳои деҳа муаллимон намерасанд ва маорифи шаҳр тасмим гирифт, ин камбудро аз ҳисоби донишҷӯёни ғоибхон рафъ кунад. Аз ҷониби дигар, тармими макотиб тӯли таътили тобистона дар мавзеъ роҳандозӣ шуд. Ҳукумати шаҳр барои тармим мактабҳо тӯли се моҳ беш аз 100.000 сомонӣ баробар ба 33.0000 доллари амрикоӣ ҷудо кард. Аз сӯи дигар, қисме аз макотиб тавассути созмонҳои байнулмилал таъмир диданд. Бо қарзи билоивази Бонки Ҷаҳонии Рушд дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Данғара 12 мактаб тармими замонавӣ дид. Ин мактабҳо бо маблағи аз 2 то 30.000 доллари амрикоӣ таъмир дидаанд.

Макотиби минтақа дар соли пор бо 350 кампутар ва 60 мутахассиси ин соҳа таъмин шудаанд. Тармими макотиб, таъмини онҳо бо кампутар ва дастгоҳҳои аёнӣ, баландравии қадам ба қадами маоши мударрисин барои макотиби алтернативӣ, ё хусусӣ мушкил иҷод мекунад. Масъулини гимназияҳои шахсӣ мегӯянд, ба рақобати давлат дар ин соҳа тобовар нестанд ва дарҳои мактабҳои ғайридавлатӣ ё баста мешаванд ва ё онҳо иҷборан аз дигар давлатӣ мегарданд.

Хайриддин Қурбонов, садри гимназияи шахсии «Хайрандеш» мегӯяд, ба маҳзи болоравии маоши кормандони соҳаи маорифи давлатӣ мударрисин аз гимназияҳо бозпас ба мактабҳои давлатӣ рафтаанд:
«Мӯҳтарам президент маъоши муаллимонро зина ба зина боло мебардорад ва ҳоло муаллимони ман аз мударрисини мактабҳои миёна камтар маъош мегиранд ва гимназияро тарк карда, бозпас ба мактабҳои давлатӣ мераванд. Дили ман ба гимназияам месӯзад, биноан бо маорифи вилояту шаҳр ва агар лозим шавад, бо вазорати маориф маслаҳат карда, гимназияамро давлатӣ мекунам »

Коршиносон мегӯянд, ба макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ баргаштани мударрисин, ки бо иллати камии маош мадрасаҳоро тарк карда буданд, шурӯъи рақобатҳо дар соҳаи маориф байни мактабҳои давлативу ғайридавлатӣ будааст. Дар ин зимн, масъулини мактабҳои тахассусӣ ва ғайридавлатӣ, ки ҳамакнун дар симои вазорати маориф рақиби пурқудратро дарёфтаанд, кӯшиш хоҳанд кард, ки сифати донишандӯзиро дар мадрасаҳои худ беҳтар намоянд.

Ва аммо вазъи маориф дар деҳоти дурдаст бад аст. Ба унвони мисол, дар деҳоти Лойлака ва Хирмани Кӯлоб, деҳаи Ангурбоғи Восеъ, ки мактабҳоро сел хароб кардааст, атфол Соли Нави хонишро дар қаторвагонҳо шурӯъ мекунанд. Дар ноҳияи Ҳамадонии Хатлон вазъ боз ҳам печидатар аст. Ба гунаи мисол, соҳаи маориф дар ин ноҳия ба 2.500 миз, 5.000 курсӣ ва беш аз 3.000 метри мураббаъ шишаи тиреза ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG