Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми президенти Тоҷикистон


Дар нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон бар иловаи тими мунтахаби мизбонон, теннисбозони синнашон то 12-сола аз Афғонистон, Эрон, Узбакистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Чин ширкат хоҳанд кард.

Ин мусобиқа аз 2 то 8 сентябр дар майдони тенниси назди варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, ки ба ин хотир ахиран бозсозӣ шудааст, баргузор мешавад.

Фарид Солеҳов, сухангӯи кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт , аъзои тими мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои интихобӣ муайян шудааст. Ҳайати даста аз зӯртарин теннисбозони навраси тоҷик , ба мисли Аҳмадҷони Муҳаммад ва Акбари Раҳмон, ғолибони мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ иборат мебошад.

Ба гуфтаи ҷаноби Солеҳов маблағи ҷавоизи мусобиқа 12 ҳазор долларро ташкил медиҳад, аз ҷумла ғолибони рақобатҳои фардӣ байни писарону духтарон бо ҳазор долларӣ қадрдонӣ мешаванд.
XS
SM
MD
LG