Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

RSF ҳукми додгоҳро "ҳамла ба Мухтори Боқизода" номид


Созмони байнулмилалии Хабарнигорони бидуни марз (RSF), марказаш дар Порис (Фаронса), ҳукми додгоҳи Тоҷикистонро дар баробари сардабири ҳафтаномаи "Неруи сухан" Мухтори Боқизода маҳкум кард. Додгоҳ Боқизодаро бо иттиҳоми дуздии нируи барқ ба ду соли кори маҷбурӣ ва ба хазинаи давлат супурдани 20 дарсади музди кораш маҳкум кардааст.
RSF дар изҳороти худ, ки 31-уми август нашр кард, мегӯяд, "аз ин ҳукм шикоят дорад, зеро он журналисти тоҷикро маҷбур мекунад, ду сол дар шароити хатарноки моддӣ зиндагӣ кунад".
Боқизода, гуфта мешавад, дар изҳороти созмони Хабарнигорони бидуни марз ҳамчунин бояд 500 доллар ҷарима супорад, ки мегӯяд, аз он 300 долларро пардохтааст. "Ин пардохтҳо қонуниянд. Аммо ҷазо барои қонуншикании бори аввал зиёда аз ҳад аст ва бештар маънии ҳамла ба журналисти мустақилро дорад."
"Нерӯи сухан", ки моҳи январи соли 2003 нашр шуд, дар муддати кӯтоҳ, ба хотири назари танқидияш ба ҳукумат, ба яке аз пурфурӯштарин нашрияҳои Тоҷикистон табдил ёфт. Он моҳи июн аз чоп монд, зеро мақомоти давлат, расман бо сабабҳои марбут ба андоз, чопхонаҳоро аз ҳамкорӣ бо нашрия манъ карданд.
RSF ба дифоъ аз Мухтори Боқизода даъват кардааст.
XS
SM
MD
LG