Пайвандҳои дастрасӣ

"Газпром" дар Душанбе намояндагӣ боз мекунад


Зиёратшо Ашӯров, раиси маркази рушди соҳаҳои нафт, газ ва ангишти Тоҷикистон мегӯяд, авоили моҳи сентябри ҷорӣ дар Душанбе маросими расмии ифтитоҳи намояндагии ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Газпром»-и Русия баргузор хоҳад шуд. Ҷаноби Ашӯров гуфт, намояндагии мазкур бо ҳадафи гузаронидани корҳои таҳқиқотӣ дар конҳои газ ва нафти ҷануби Тоҷикистон ифтитоҳ хоҳад ёфт. Ба гуфтаи ӯ, мутахассисони вазорати энержии Тоҷикистон ва «Газпром»-и Русия як нақшаи корӣ ҷиҳати омӯзиш ва мушаххас намудани майдонҳои нави гази кишвар таҳия кардаанд ва барои иҷрои ин тарҳ муассисаи «Газпром»-и Русия панҷуним миллион доллари амрикоӣ ихтисос додааст. Ҷаноби Ашӯров гуфт, соли 2003 байни «Газпром» ва ҳукумати Тоҷикистон як қарордод оид ба ҳамкории стратегӣ дар соҳаи газ ба тасвиб расидааст, ки ин санад ҷустуҷӯ, коркард ва истифодаи конҳои гази мустақар дар Тоҷикистонро дар 25 соли оянда дар назар дорад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи як манбаъ аз вазорати энержии Тоҷикистон, ширкати «Газпром»-и Русия қаблан азм доштааст, дар Тоҷикистон ду корхонаи муштарак таъсис диҳад, вале бо таваҷҷӯҳ ба ин ки 80 фисади гази Тоҷикистон дар чуқурии 7-8 ҳазор метр ниҳон аст ва коркарди он кори сангине будааст, «Газпром» танҳо як намояндагии худро дар Душанбе боз хоҳад кард. Ҳамзамон ба қавли Соҳибҷон Холиқов, масъули бахши заминшиносии вазорати энержӣ, захоири пешбинишавандаи нафту газ дар Тоҷикистон ҳудуди 975 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Вай мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар ҳудуди 3 миллион тонна нафт ва беш аз севуним миллиард метри мукааб газ мавҷуд аст.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG