Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти "Ориёно"


Давраи аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум бо дидори пешсафони ҷадвали бозиҳо ба поён расид. Тими «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ дастаи «Ориёно»-и Душанберо бо натиҷаи 3 бар 2 шикаст дод.

Ва аммо натиҷаи ин дидор ба мавқеи дастаҳо дар ҷадвал тағйирот ворид накард. «Ориёно» бо ҳаждаҳ имтиёз мавқеашро дар зинаи аввал нигаҳ доштааст.

«Тоҷиктелеком» бо шонздаҳ имтиёз дар зинаи дуввум қарор гирифтааст. Тимҳои «Фархор»-и Фархор ва «Ваҳдат»-и Ваҳдат бо дувоздаҳимтиёзӣ мутаносибан мақоми севвуму чаҳорумро ишғол мекунанд. Давраи дуввуми мусобиқа нимаи дуввуми моҳи сентябр оғоз мешавад.
XS
SM
MD
LG