Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бузургтарин тӯфон дар Иёлоти Муттаҳида


Дар ҷануби Иёлоти Муттаҳида, дар Ню Орлеан, амалиёти наҷоти ҳазорон нафар аз зарардидагони тӯфони "Катарина" идома дорад. Гурӯҳҳои наҷот барои кӯчонидани онҳое, ки дар иҳотаи об мондаанд, аз заврақ ва чархболҳо истифода мекунанд. Мири Ню Орлеан Рей Нагин мегӯяд, 80 дарсади шаҳр зери об мондааст. Обхезӣ замоне ба дараҷаи ваҳшатангез расид, ки мавҷи оби уқёнус сарбандҳои ду кӯлро аз ҳам пошид. Хабаргузориҳо иттилоъ медиҳанд, ки дар бархе аз маҳалҳо ғорати фурӯшгоҳ ва манзили мардум ба қайд гирифта шудааст. Шумораи умумии кушташудагон номаълум боқӣ мемонад, вале гуфта мешавад, танҳо дар ноҳияи Миссисиппи зиёда аз 100 нафар ба ҳалокат расидааст. Беш аз 1 миллион нафар дар аёлатҳои Миссисиппи, Луизиана, Алабама аз нирӯи барқ маҳрум буда, аксари роҳҳо зери об мондаанд.
Зарари тӯфон ба тахмини пешакӣ 25 миллиард долларро ташкил додааст ва он бузургтарин офат дар Амрико шумурда шудааст.
XS
SM
MD
LG