Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду номаи зидди якдигар


Сипосгузорем аз муаллифон Чаро соҳибони забони қавии адабӣ, ҳангоми гуфтор мушкилӣ мекашанд? Аз чӣ тамоюл ба гӯишҳои маҳаллӣ бартарӣ пайдо мекунад? Ҳангоми баррасии ин масъалаҳо, бархе аз коршиносон гуфтанд, гӯиши ягона ва умумӣ дар Тоҷикистон шакл нагирифтааст, бархи дигар гуфт, мардум забони адабиро хуб намедонад. Яке гуфт, бояд зимни майли бештар ба лаҳҷаҳо забони гуфтугӯӣ офарида шавад, дигаре гуфт, ин хиёнат ба забони адабист. Ин баҳс шунавандагони моро бетафовут нагузошт. Инак, ду нома.

Салом, Озодӣ!
Ман қариб ки ҳар рӯз барномаҳои шуморо гӯш мекунам, аниқтараш мехонам. Имрӯз барномаи забон ва лаҳҷаҳо хеле писандам омад. Лекин мехостам баъзе андешаҳои худро дар бобати ин гуфтор баён кунам. Якум, аз тарафи шумо хеле иқдоми нек аст, ки ба масъалаҳои муҳими фарҳанги ҷомеъа нигоҳи даст задаед. Дуюм, ман фикр мекунам, лаҳҷаҳо, чи хеле ки хонуми Гулрухсор гуфт, чашмаҳое ҳастанд, ки дарёи забон аз онҳо об мегирад. Гарчанде ки фикрҳои ӯ гоҳе хилофи ҳам буданд, дуруст аст, ки лаҳҷаҳои тоҷикӣ, асоси забони адабӣ мебошанд. Лекин мутаассифона, шеваи меъёр дар мо ҳанӯз ташаккул наёфтааст ва мо ҳама маҷбурем, аз лаҳҷаҳои худ истифода кунем. Барои ташаккули як шеваи умумӣ омилҳое заруранд, аз қабили вақт, муошират, ҳамкории иқтисодӣ, худшиносии баланди миллӣ ва ғайра.
Он забоне ки мо имрӯз "адабӣ" мехонем, аслан сохта аст ва бисёре аз мо қодир нестем, аз он пурра истифода намоем. Чизи дигар хеле аламовар буд, вақте ки устоди донишгоҳ, ҷаноби Хоркашев лаҳҷаҳои забони тоҷикиро аз лиҳози ҷуғрофиёӣ шарҳ дода, лаҳҷаи Бадахшониро фаромӯш кард. Ман шеваи тоҷикии ишкошимиро дар назар дорам, ки мардуми Афғонистон низ аз он истифода мекунад. Ман шахсан дар Донишгоҳи Кембриҷ дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти шоир Мубораки Вахонӣ рисолаи докторӣ менависам. Он кас дар рушди адабиёти тоҷик дар садаи 19 саҳми бузург доштааст. Аммо ҷаноби Хоркашев ба назар нагирифт, ки дар Ишкошим низ ба забони тоҷикӣ ҳарф мезананд.
Абдулмуҳаммад Илолиев,
пажӯҳишгари тоҷик дар Донишгоҳи Кембриҷ

-----------------------------------------------------
Ба назари ман, ин ақида ки гӯё забони гуфтугӯии меъёрӣ дар Тоҷикистон ташаккул наёфтааст, дуруст нест. Агар ин ақида дуруст мебуд, мантиқан, бояд ҳоло мардуми мо гуфтори ҳамдигарро фаҳмида наметавонист. Вале ман мебинам, ки як деҳқони балҷувонӣ бо як деҳқони конибодомӣ бе ягон мушкил гуфтугӯ мекунад.
Андешаи ташаккул наёфтани чунин шеваи умумиро онҳое мегӯянд, ки бартарии лаҳҷаи маҳаллии худро мехоҳанд ва ё ин гӯиши умумиро хуб намедонанд ва аз ин рӯ онро ноқис мешуморанд.
Хулоса, эҳтирому бузургдошти гӯиши умумии тоҷикона ва ғанӣ гардонидани он ягона роҳест ба сӯи ваҳдату тафоҳум ва тақвияти забони адабие, ки аз Рӯдакӣ, Ҳофиз, Хайём ба мо мерос мондааст.
Мастура Сиддиқова,
Тоҷикистон
XS
SM
MD
LG