Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Миллиард доллар барои арӯсӣ


Фарҳоди Раҳбар, ноиби раисиҷумҳури Эрон имрӯз гуфта, ки ҳукумати ин ҷумҳурии исломӣ ба манзури мусоидат ва ташвиқи ҷавонони фақир ба издивоҷ як хазинаи 1 миллиарду 300 миллиондолларӣ таъсис медиҳад. Телевизиони давлатии Эрон аз қавли оқои Раҳбар гуфт, маблағҳои ба истилоҳ ин "Бунёди Ишқ" аз ҳисоби даромади ширкати миллии нафти Эрон ҷамъ хоҳад шуд.
Президенти нави Эрон Маҳмуди Аҳмадинжод қавл дода буд, ки дар сурати пирӯзиаш истифодаи хубтари даромади нафтро ба роҳ хоҳад монд. Бисёре аз ҷавонони эронӣ аз он шиква доштанд, ки ба далели мушкилоти иқтисодӣ ва муддати тӯлонӣ дар зери як бом бо падару модар зистан, наметавонанд издивоҷ кунанд. Аммо Фарҳоди Раҳбар дақиқ нагуфта, ки маблағҳои "Бунёди Ишқ" чӣ гуна масраф шуда ва аз кадом роҳ ҷавонони эрониро барои издивоҷ ташвиқ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG