Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Роҳи сахти бозгашт ба ватан


Сӣ тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо шумули 5 тифл ва ду зан пас аз ду шабонарӯзи боздошт дар идораи гумруки фурудгоҳи Колсовои шаҳри Екатеринбурги Русия бо кӯмаки муҳофизони ҳуқуқ ва иттиҳодияи иҷтимоъии тоҷикони минтақа иҷозати парвоз дарёфт кардаанд ва то якуми сентябр ба ватан хоҳанд рафт.

Ба гуфтаи Элвира Руденко - намояндаи созмони ҳуқуқи башар дар вилояти Свердловск, ин муҳоҷирон бо шиносномаи дохилӣ барои бозгашт ба ватанашон чиптаи ҳавопаймо харидаанд. Аммо ҳангоми хариди билет ба онҳо нагуфтаанд, ки аз 24 август убури марзи байни кишварҳои Иттиҳодияи Авруосиё бо шиносномаи дохилӣ мумкин нест, вале хадамоти амниятии фурудгоҳ онҳоро ба ҳавопаймо иҷозати нишастан надод ва аз онҳо талаб кард, ки аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав гувоҳиномаи бозгашт дарёфт намоянд.

Муҳофизи ҳуқуқ афзуд: "Ҳангоме ки мо ба фурудгоҳ омадем, мусофирон ҳоли асафборе доштанд. Аксари онҳо пули хӯрока надоштанд, ба хусус занони бачадор. Пас аз талоши зиёд раиси хадамоти амниятии минтақаи Урал барои бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон то якуми сентябр бо шиносномаи дохилӣ иҷозат дод." Вай гузашти шитобкорона ба шиносномаи хориҷиро иштибоҳи сарони кишварҳои узви иттиҳодияи Авруосиё, аз ҷумла Русияву Тоҷикистон номид.

Дар ҳамин ҳол Кароматуло Шарифов, раиси созмони "Тоҷикдиаспора" дар Маскав мегӯяд, рӯзи 24 август аз фурудгоҳи Домодедово 94 нафар мусофирони Тоҷикистон бозгардонида шуданд - бо талофии 25 дар сади қиммати билет ва аксари онҳо дубора билет харида наметавонанд.

Ҳамзамон назари Шарифов ин аст, ки барои осонсозии бозгашти тирамоҳии муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия мақомоти олии ду кишвар бояд замони амали шиносномаи дохилиро то охири сол тамдид намоянд, зеро дар Русия наздик ба як миллион муҳоҷири тоҷик ба сар мебарад ва ягона консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Маскав, имкони дар саросари Русия ба муҳоҷирон додани гувоҳиномаи бозгаштро надорад. Ба гуфтаи вай, ҳоло ҳаррӯза ҳудудан ҳазор нафар дар таги дари консулхонаи сафорати Тоҷикистон дар Маскав барои дарёфти гувоҳиномаи бозгашт ба ватан дар навбат истодаанд.
XS
SM
MD
LG