Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари президент Раҳмонов ба Суғд


Эмомалӣ Раҳмонов - президенти Тоҷикистон дар рӯзи нахусти сафари серӯзааш ба вилояти Суғд, шурӯъ аз субҳи рӯзи сешанбеи 30 август тибқи анъана аз иншооти тозабунёди минтақа, хати оби нӯшокии Овчӣ-Қалъача-Хуҷанд ва хати гази табии як ҷамоати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳамчунин биноҳои нави Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва беморхонаи шаҳрии маркази устони Суғд дидан кард.
Хати оби Овчӣ - Қалъача барои бартарафсозии норасоии сокинони қисмати марказии шаҳри Хуҷанд аз оби нӯшиданӣ бунёд шудааст. Дар ҳоли ҳозир тақрибан ними сокинони Хуҷанд ба камбуди камобеши оби нӯшокӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Вале биноҳои нави Донишгоҳи давлатӣ ва беморхонаи шаҳри Хуҷанд иншоотҳои нимасохт аз авохири давраи шӯравист, ки ҳамакнун бо маблағгузории ҳукумати вилоят бозсохт ва қобили истифода шудааст.
Ин ду бино аз ҷониби масъулини устондорӣ ба унвони беҳтарин дастоварди ҳукумати Суғд дар давоми ҳафт моҳи соли равон дар бахши сохтмон манзури назари президент Раҳмонов гардонида шуд.
Ба натиҷагирӣ аз рушди иқтисодиву иҷтимоии вилояти Суғд дар давоми ҳафтмоҳаи сипарӣ ҷаласаи васеъи сарони мақомоти ҳукуматии шаҳру навоҳии вилоят бо иштироки президент Раҳмонов 31 август бахшида хоҳад шуд. Сафари серӯзаи Эмомалӣ Раҳмонов рӯзи 1 сентябр бо дидани шаҳраки навбунёди Саразм, воқеъ дар наздикии шаҳри Панҷакент, ки бунёди он барои сокинони офатзадаи ин ноҳия аз боришоти шадид шуруъ шудааст, анҷом хоҳад ёфт.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG