Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ниҳоят қатори Душанбе - Маскав ҳаракат мекунад


Файзулло Баротов, сардори идораи молия ва иқтисоди роҳи оҳани Тоҷикистон, ки дар нишасти масъулин ва коршиносони хадамоти роҳи оҳани кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ва назди Болтик дар Душанбе сӯҳбат мекард, таъйид кард, ки масъалаи аз саргирии ҳаракати қатор дар хатти Душанбе - Маскав миёни кишварҳои зидахл ҳаллу фасл шуда ва кадом мушкилоте дар ин замина боқӣ намондааст.

Дар нишасти масъулини хадамоти роҳи оҳани кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ва назди Болтик масъалаи вобаста ба арзиши тарифҳои боркашонӣ дар роҳи оҳан мавзӯи асосии баҳс будааст, ки ба гуфтаи Файзулло Баротов, интизор меравад, дар соли оянда низ баҳои ин тарифҳо бетағйир боқӣ бимонад. Ҷаноби Баротов гуфт, дар нишасти Душанбе таъкид шуд, ки сиёсати тариф дар роҳи оҳани кишварҳои мазкур дар соли пешин ва соли ҷорӣ бомуваффақият иҷро шудаааст. Аммо ҳамзамон ҷаноби Баротов, эҳтимоли тағйирёбии нархи тариф дар боркашонӣ тавассути роҳи оҳанро баъид намедонад. Вай гуфт, танҳо дар сурати боло рафтани баҳои маводи сӯхт имкон дорад, қиммати тарифҳои роҳи оҳани кишварҳои муштаракулманофеъ ва назди Болтик тағйир ёбад.

Нишасти масъулин ва коршиносони хадамоти роҳи оҳани кишварҳои Муштаркулманофеъ ва назди Болтик шурӯъ аз соли 1992 солона як маротиба доир мешавад. Таҳия, баррасӣ ва тасдиқи сиёсати тарифӣ барои як соли баъдӣ мавзӯи аслии ин нишастҳо будааст.
XS
SM
MD
LG