Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як роҳи аслии коҳиши камбизоатӣ ва бекорӣ дар Осиё


Бонки Осиёии Рушд гуфт, агар кишварҳои Осиё ва Уқёнусия мехоҳанд, камбизоатӣ дар қаламравҳои худро дар оянда низ коҳиш диҳанд ва вазъи зиндагии мардумро беҳбуд бахшанд, пас бояд барои мардум ҷойҳои кории доимӣ, муфид ва муносиб биофаранд. Ин тавсияро Бонки Осиёии Рушд дар гузориши тозаи худ доир ба бозори корӣ дар Осиё, ки 30 август нашр шуд, ба кишварҳои минтақа додааст.
Дар шарҳи ин гузориш иқтисоддони бонк, Рана Ҳасан ба www.ozodi.org гуфт, агарчӣ омилҳои зиёде сабаби қашшоқӣ дар Осиё ҳастанд, аммо корҳои каммузд яке аз иллатҳои аслии камбизоатист:

"Иллатҳои бисёре ҳаст, ки заминаи қашшоқӣ мешавад, аммо дар ниҳоят фақирон барои он фақир ҳастанд, ки аз коре, ки мекунанд, фоидаи ночиз мегиранд. Барои коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар Осиё, ҳукуматҳоро мебояд, кори беҳтар кунанд, то барои шаҳрвандони худ имконоти ёфтани корҳои муфид ва бо маоши муносибро фароҳам намоянд."

Осиё ва Уқёнусия хонаи бархе аз иқтисодҳои ҷаҳониест, ки босуръат рушд мекунанд, аммо ин минтақа бо сатҳи бекории худ аз дигар манотиқ фарқ мекунад. Дар гузориши Бонки Осиёии Рушд гуфта мешавад, нерӯи умумии кории кишварҳои Осиёву Уқёнусия 1 миллиарду 700 миллион нафарро ташкил медиҳад, аммо дасти кам 500 миллион нафари онҳо бекоранд ва ё кори доимӣ надоранд. Интизор меравад, беш аз 245 миллион нафар дар даҳсолаи оянда вориди бозорҳои кории Осиё шаванд.

Коршиноси Бонки Осиёии Рушд Рана Ҳасан гуфт, рушди бошитоби иқтисодӣ яке аз омилҳои калидии костани сатҳи камбизоатӣ аст, аммо ин омил ба танҳоӣ қодир ба тавлиди ҷойҳои кории муносиб ва дар ҳаҷми кофӣ намебошад:

"Суръати шуғлофарӣ маъюскунанда аст, агарчӣ кишварҳо дар сатҳи дар тавлиди маҳсулот ба пешравиҳои зиёд даст ёфтаанд."

Бархе ангезаҳо ҳастанд, ки аз шуғлофариниро бозмедоранд. Аз ҷумла, зербунёдҳои асосии заъиф, низомҳои молӣ, ҳуқуқи моликияти шахсӣ ва муқаррароти мухталифи соҳибкорӣ ҷилави сармоягузорӣ ва дар ниҳоят офаридани ҷойҳои кориро мегирад. Гузашта аз ин рушди пайвастаи технологияҳои навин як сабаби он мешавад, ки соҳибкорон бо истихдоми коргарони кам маҳсулоти зиёд тавлид намоянд.

Бонки Осиёии Рушд мегӯяд, агарчӣ истифодаи технологияҳои навин дар иқтисодиёт барои рушди бештар ва ҳамоиши Осиё бо иқтисоди ҷаҳонӣ зарур аст, аммо паёмади он маҳдуд шудани шумори ҷойҳои корӣ мебошад. Ба ин хотир гуфтааст Бонки Осиёии Рушд, ҳукуматҳои кишварҳои минтақа бояд сиёсатҳои махсуси шуғлофаринӣ бисозанд, ки битавонад шумори зиёди ҷойҳои кории муносибро таъсис диҳад. Бонк тавсия медиҳад, ки барои иҷрои ин амр ҳукуматҳо бояд сармоягузорӣ дар зербунёди деҳотро афзоиш диҳанд, роҳҳои қарзигириро барои соҳибкорони деҳот сабук гардонанд.

Рана Ҳасан иқтисоддони Бонки Осиёии Рушд:
"Аксарияти мардуми камбизоат ва соҳиби ҷойҳои кории ғайридоимӣ дар деҳот зиндагӣ ва ё шуғлҳои ғайрирасмӣ доранд. Умдатарин чолише, ки дар рӯ ба рӯи ҳукуматҳо ҳаст, ин афзоиши имконот барои пайдо кардани кори доимӣ ва бо музди мувофиқ барои ин гуна афрод аст."

Рана Ҳасан гуфт, офаридани шуғлҳои муфид фурсат металабад, аммо агар ҳукуматҳои шуғлофариниро яке аз сиёсатҳои марказии худ надонанд ва иқдомоти зарурӣ дар ин самт наандешанд, кишварҳои Осиё дар ду даҳсолаи оянда, ҳамчунон ба нишондодҳои баланди тавлидот даст хоҳанд ёфт, аммо гирифтори бемории дардноки бекорӣ ва камбизоатӣ хоҳанд монд. Бекорӣ яке аз мушкилоти аслии гиребонгири Тоҷикистон аст ва тибқи омори ғайрирасмӣ беш аз як миллион нафар мардуми он барои пайдо кардани кор ва маоши мувофиқ ба хориҷ сафар кардаанд.
XS
SM
MD
LG