Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Cабти номи телевизиони "Наврӯз"


Вазорати адлияи Тоҷикистон як ширкати радио ва телевизионии хусусӣ мавсум ба "Наврӯз"- ро сабти ном кардааст, ки интизор меравад, дар қадами аввал рӯзона чаҳор соат барнома пахш кунад. Раҳматулло Машарифов - мушовири вазири алоқаи Тоҷикистон ва яке аз муассисони ин ширкати хусусии садо ва симо гуфт, аввал шабакаи радиоии ин ширкат ба фаъолият мепардозад.
Ҷаноби Машарифов гуфт, бо кӯмак ва мусоидати вазорати алоқа бархе аз таҷҳизот ва дастгоҳҳои радиоӣ дастрас ва ҷиҳати дарёфти таҷҳизоти боқимонда фармоиш дода шудааст. Ӯ гуфт, барномаҳои шабакаи радиоии "Наврӯз" дар оғоз дар пойтахт ва навоҳии атрофии он, Хуҷанд ва Хоруғ рӯи бонд ва ё мавҷи FM бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ва тӯли чаҳор соат дар шабонарӯз пахш хоҳад шуд.
Ҷаноби Машарифов гуфт, асноди ширкат барои дарёфти муҷаввиз ва ё лисензияи пахшу нашри барномаҳо ҷиҳати баррасӣ дар ихтиёри кумитаи давлатии радио ва телевизиони назди ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Раҳматулло Машарифов гуфт, бо дарёфти муҷаввиз пахши барномаҳои ширкати радио ва телевизиони "Наврӯз" аз оғози соли оянда ба роҳ монда шавад. Ин дар ҳолест, ки бархе аз шабака ва ширкатҳои ғайридавлатии дигар дар кишвар ба мисли "Ҷаҳон", "Азия Плюс", "Авесто" ва "Сомониён" тӯли чанд соли ахир натавонистаанд, аз ин кумита муҷаввиз дарёфт кунанд.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG