Пайвандҳои дастрасӣ

Айнӣ: Арчазорҳои беарча, чашмаҳои хушкида...


Айнӣ Буриши арчаҳои кӯҳӣ дар аксари деҳоти Айнӣ ба хотири таъмини ҳезумворӣ дар зимистон сол ба сол теъдоди чашмаҳои кӯҳиро дар ин минтақа кам кардааст.

Бошандагони ин деҳоти кӯҳистонӣ мегӯянд, коҳиши чашмаҳоро бо чашм ҳам мушоҳида кардан мумкин аст, вале мардум дигар илоҷе надорад. Зеро мардум ба ангишту дигар сӯзишворӣ дастрасӣ надорад ва хонаи худро дар зимистон бо арчаҳо ва на танҳо арчаҳо, балки ҳар буттаву рустание, ки месӯзад, гарм мекунад.
Дар ҳоле, ки ноҳияи Айнӣ минтақаи саросар кӯҳсор аст, арчазори кӯҳӣ имкони тӯли солҳо мунтазам таъмин намудани захоири обии чашмаҳоро дорад ва аз хатари кӯчидани замин ва фаромадани тарма эмин нигоҳ медорад.

Мулломуҳаммадӣ Сафаров, раиси кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ мегӯяд, дар соли ҳолӣ беш аз сад парвандаи маъмурии ҳуқуқвайронкунӣ ба қайд гирифта шудааст, ки чил дар сади онон марбут ба буридани ғайриқонуниии дарахтон будааст.

Буриши дарахтон як манбаъи даромад низ барои ин мардуми бекор аст. Як хар ҳезум аз 10 то 15 сомонӣ арзиш дорад. Дар ҳамин ҳол, Абдунабӣ Ҳақназаров, як сокини ноҳияи Айнӣ мегӯяд, сармои зимистон мардумро ба буридани ҳатто дарахтони мевадор водор месозад, зеро дар зимистон нерӯи барқ бо маҳдудият дода мешавад. Ва аммо ин дарахтбуриҳо мардумро аз об маҳрум мекунад ва бо хатари фаромадани селу тарма рӯбарӯ месозад.

Ҷаноби Халилов, сокини дигари ноҳия мегӯяд, беобӣ дар тобистон ҳосилнокии зироатҳоро низ дар минтақа кам мегардонад. Ӯ мегӯяд, қаблан, чашмаҳо дар масофаҳои хеле ба ҳам наздик ҷойгир шуда буданд, ва аммо имрӯз чашма дар кӯҳистон ба нудрат ба чашм мерасад.

Тибқи оморе, ки Мулломуҳаммадӣ Сафаров, раиси кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ ироа кард, ба ҳафтоду панҷ ҳазор аҳолии ноҳия дар маҷмӯъ ҳазору ҳаштсад ҳектор замини обӣ рост меояд.
XS
SM
MD
LG