Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шикасти ҳалқаи қочоқбарбарони маводи мухаддир


Мақомоти амниятии Русия гуфтанд, як ҳалқаи муташаккили қочоқбарони маводи мухаддирро шикаста ва миқдори бузурги ҳероини аз Тоҷикистон қочоқшударо мусодира кардаанд. Хадамоти Федеролии Амнияти Русия эълон кард, ки аз ин гурӯҳи қочоқбарони муташаккил аз шаҳрвандони Тоҷикистону Русия 270 кило ҳероин кашфу забт шудааст.
Хабаргузории "Итар Тасс" мегӯяд, мақомоти амниятӣ моҳи июн доир ба интиқоли маводи мухаддир ба Русия маълумот гирифта ва ҳаракати мошини ҳомили ин маводро то шаҳри Рязан назорат карданд. Дар амалиёт идораҳои полиси 9 минтақаи Русия ширкат намудаанд.
XS
SM
MD
LG