Пайвандҳои дастрасӣ

Зарбаи нархи гарони нафт ба иқтисоди Тоҷикистон


Вазорати иқтисоди Тоҷикистон гуфт, гаронии қиммати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба иқтисоди ин кишвар таъсири манфӣ мерасонад ва метавонад сабаби болоравии нархи маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон шавад. Одина Одинаев - раҳбари бахши нарх ва нархгузории вазорати иқтисод ба Радиои Озодӣ гуфт, нархи гарони нафт пеш аз ҳама ба соҳаи кишоварзии Тоҷикистон асари манфӣ мерасонад, чун дар ин соҳа сӯзишвории нафтӣ зиёд истифода мешавад. Боло рафтани нарх ба қавли вай сабаби афзудани арзиши истеҳсоли тавлидоти кишоварзӣ хоҳад шуд.
Вай афзуд, чун Тоҷикистон кишвари кӯҳсор аст ва маводи ниёзи аввал асосан таввасути нақлиёти заминӣ дастраси мардум мешавад, болоравии қиммати сӯзишворӣ метавонад ба афзоиши қиммати маводи хӯрока мусоидат кунад.
Ҳамингуна пули миллии Тоҷикистон низ таъсири манфии болоравии қиммати нафтро эҳсос хоҳад кард ва ба гуфтаи Одина Одинаев эҳтимолан дучори тавварум ва ё инфлятсияи бештар хоҳад шуд.
Мансабдори тоҷик ҳамчунин ба Радиои Озодӣ гуфт, тағйироти ногаҳонӣ дар бозори нафт Тоҷикистон водор ба он хоҳад кард, ки нишондодҳои барномаҳои ислоҳоти иқтисодии худ ва дурнамоҳои ояндаро таҷдиди назар кунад. Одина Одинаев гуфт, вазорати иқтисод аллакай корҳоеро дар ин самт шурӯъ кардааст.
Қиммати нафт дар бозорҳои Осиё субҳи душанбе ба 70 доллар барои як бушка расид. Аз ҷумла, дар бозори Сингапур, яке аз иқтисодҳои қавии Осиё барои як бушка нафти хом субҳи душанбе 70 доллару ҳаштод сент пардохт мекарданд ва ин қиммат то бегоҳ ба 70 доллару сифру аз сад 1 сент расид. Тӯфони Катрин, дар соҳилҳои Амрикову Мексика, яке аз омилҳои ҷаҳидани нархи нафт шудааст. Халиҷи Мексика сарзамини фаровон аз нафту газ ва коргоҳҳои истихроҷи ин мавод мебошад. Боло рафтани қиммати нафт дар аксар ҳолат рушди иқтисодҳои ҷаҳониро аз шитоб бозмедорад.
Тоҳири Сафар, Прага
Барои шунидани мусоҳибаи комил бо Одина Одинаев ин ҷоро ангушт бизанед.
XS
SM
MD
LG