Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мухтори Боқизода таҷдиди назари ҳукмашро хостааст


Мухтор Боқизода- раиси бунёди гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорони Тоҷикистон ва сардабири нашрияи "Нирӯи Сухан" аз додгоҳи шаҳри Душанбе хостааст, ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахтро нисбати ӯ беэътибор кунад. Ҷаноби Боқизода зимни ироаи номаи эътирозӣ унвонии додгоҳи пойтахт тақозо кардааст, парвандаи ӯ дубора мавриди баррасӣ қарор бигирад. Зеро ба назари ӯ, додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ таҳқиқи қазияи ӯро ғайримунсифона ва таҳти фишор анҷом додааст. Мухтор Боқизода бар ин назар аст, ки иттиҳомоти алайҳи ӯ эъломшуда, яъне истифодаи ғайриқонунии нирӯи барқ тибқи кодекси мурофиавии Тоҷикистон ҷиноят ҳисоб намешавад ва аз ин рӯ, муқобили ӯ ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ нодуруст мебошад. Вай гуфт, мутмаин аст, дар додгоҳи шаҳри Душанбе ба ин қазия аз рӯи адл ва инсоф расидагӣ хоҳанд кард ва дар сурати исботи гуноҳ омода аст, ҷарима бидиҳад. Вале вай ҳамзамон таъкид кард, дар сурати ғайр ӯ даст ба эътисоби ғизо ва то анҷоми мунсифонаи қазияи ӯ аз сӯи мақомот гуруснанишинии сиёсӣ хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки Сафаралӣ Қурбонов, додраси додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ, ки баррасии қазияи Мухтор Боқизодаро анҷом додааст, мегӯяд, ӯ расидагиро бар асоси қонун анҷом дода ва зери кадом фишоре ҳукм содир накардааст. Вай гуфт, ин ҳаққи оқои Боқизода аст, ки ҳукмро зери суол бурда ва ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят барад.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG