Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкории наздики мураббиёни Тоҷикистону Эрон


Шартнома дар бораи ҳамкориҳо миёни кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон дар шаҳри Душанбе ба имзо расид. Ба ин санад, Баҳруллоҳ Раҷабалиев, раиси кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Ризо Қарахонлу, раиси кумитаи миллии олимпии Эрон имзо гузоштанд. Дар як нишасти матбуотӣ, ки рӯзи душанбеи 29 август дар қароргоҳи кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо ҳузури хабарнигорони маҳаллӣ ва хориҷӣ баргузор шуд, ҷаноби Раҷабалиев гуфт, бар асоси ин шартнома, аз ҷумла, баргузории мусобиқот дар риштаҳои мухталиф миёни варзишгарони тоҷику эронӣ ва табодули таҷриба байни мураббиёни ин ду кишвар дар назар аст. Ҷаноби Ризо Қарахонлу ба хабарнигорон иброз дошт, бо имзои ин шартнома дар заминаи варзиши қаҳрамонӣ, дар заминаи пизишкии варзишӣ, дар заминаи варзиш дар донишгоҳҳо, варзиш дар мадорис метавон ин фаъолиятҳоро тавсиаи бештаре дод.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG