Пайвандҳои дастрасӣ

Кишваре, ки аспи зотии худро дораду майдони аспрез на


Ва аммо мушкили дигари зотпарварони маҳаллӣ фурӯши аспи тоҷикист. Холмурод Уроқов мегӯяд, дар кишвар харидуфурӯши расмии асп онгуна печидааст, ки аспҳоро усулан ба таври қочоқ ва бо қиммати андаке ба фурӯш мезананд. Аксари аспҳои тоҷикӣ тавассути Узбакистон ва Афғонистон ба таври қочоқ мераванд.
«Дар бозорҳои ноҳияи Турсунзода аспҳои тоҷикиро ба таври қочоқ ба фурӯш мезананд. Ин аспҳоро то 2500-3000 сомонӣ харидорӣ карда шаҳрвандони Ӯзбакистон ба Қазоқистон мебаранд ва то се баробар қиматтар мефурӯшанд. Тиҷорати қочоқӣ ҳам ба ҳамёни асппарварон ва ҳам ба буҷаи кишвар зарар дорад.»

Ин дар мавридест, ки қиммати асили аспи тоҷикӣ ҳудудан аз $100.000 зиёд аст. Дар кишвар парваришгоҳҳои асп зиёданд, вале дар асл танҳо се заводи зотпарвар фаъол будаанд. Ва маъруфтарини онҳо, парваришгоҳи «Хуросон» ва «Баракат» аст, ки ҳар ду дар ноҳияи Ҳисор ҷойгиранд. Ба унвони мисол, комиссияи байнулмилалӣ маҳз зоти тоҷикиро дар ҳамин коргоҳҳо ба қайд гирифт. Муаллифи зоти аспи тоҷикӣ, Арбобмирзо Шамсиев - дотсенти донишгоҳи аграрӣ ва Сулаймон Шоев - раиси аспрези Душанбе мебошанд.

Тибқи омори расмӣ дар соли 1986 дар Тоҷикистон 40.000 асп буд. Тӯли 20 соли ахир аспҳоро ҳисоб накардаанд ва муайян нест, ки дар кишвар чанд ҳазор асп боқӣ мондааст. Вале теъдоди аспҳои зотӣ кам аст. Ҳар аспи тоҷикӣ, ки дар заводи зотпаврарии «Хуросон» ҳаст, шиноснома дорад ва дар хонаи махсус дар танҳоӣ ба сар мебарад. Ифтихори коргоҳ «Шабранг», « Сумбул», «Нишон», «Эътибор» ва «Холдор» будаанд, ки пайваста дар мусобиқоти кишвар дастболо мешаванд. Аспҳое бо номи «Эрос» ва «Ахтар» ифтихори Тоҷикистон шудаанд. Ин ду асп дар мусобиқоти байнулмилал борҳо пирӯз омадаанд. «Танк» -аспи дигари коргоҳ дар соли 2002 барандаи Ҷоми президенти Қирғизистон шудааст.

Ва аммо мушкили бештари асппарварон дар набуди аспрез ё ипподром аст. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ягона кишварест, ки майдони аспрез надорад. Адами ин майдон тиҷорати аспи зотиро коҳиш додаст. Зеро аспи тоҷикӣ имкони сайқали маҳорат ва афзудани суръат надорад! Аз ин рӯ, аспҳои тоҷикӣ наметавонанд дар пойгаҳ, аспдавонӣ, асппарронӣ ва дигар намуди варзиши олимпӣ ширкат кунанд. Аспрез дар тамоми ҷаҳон ҳамчун бозори асп талаққӣ шудааст. Аспро мебинанд, месанҷанд ва ба фурӯш мезананд. Ва аммо дар Тоҷикистон аспро дар молбозорҳо тавъам бо гову гӯсфанд мефурӯшанд, ки ин шакли тиҷорат қиммат ва обрӯи аспи тоҷикиро ба карат паст мекунад. Аз сӯи дигар заводҳои зотпарвар бояд андози замин диҳанд. Дар кишвар қаблан парваришгоҳҳо аз андоз озод будаанд. Мутахассисин мегӯянд, додани андози замин будани соҳаи асппарвариро зери суол мегузорад.

«Бархе аз заводҳои асппарвар то 10.000 га замини чарогоҳ доранд. Ва агар аз ҳар га замин 16 сомонӣ андоз диҳанд, худатон ҳисоб кунед, ки агар ҳамаи аспҳояшонро ҳам фурӯшанд, ба андози замин намерасад. Дар Тоҷикистон то ҳамин сол андоз аз замин барои зотпарварон вуҷуд надошт. Ин қонуни нав асппарвариро метавонад барҳам занад.»

Мушкили дигар дар соҳа адами чарогоҳҳо ва тиҷорат бо мамолики хориҷист. Ба унвони мисол пас аз харидории аспи тоҷикӣ бархе аз мизоҷони хориҷӣ то як моҳи даркӯбии мақомоти дахлдор асноди лозимаро боз ҳам дастрас накарда аз баҳри аспи тоҷикӣ баромадаанд. Ин мушкил теъдоди харидорони аспи тоҷикиро хеле коҳиш додааст.
XS
SM
MD
LG