Пайвандҳои дастрасӣ

ТВ "Сафина" - шабакаи нави давлатӣ


Нахустин барномаҳои шабакаи тозатаъсиси телевизиони давлатии мавсум ба «Сафина» рӯзи сеюми сентябри соли ҷорӣ пахш хоҳад шуд. Маҳмадсаид Пиров, раиси шабакаи саросарии «Сафина» ба радиои Озодӣ гуфт, ин телевизион 12 соат дар як шабонарӯз барномаҳо хоҳад дошт. Ба гуфтаи ӯ, 70 дар сади барномаҳо бо забони тоҷикӣ хоҳад буд ва ин ТВ бештар барномаҳои фарҳангӣ, шоу-намоишҳо ва дигар барномаҳои мувофиқ ба завқу талаботи ҷавонон ва менталитети мардуми тоҷик таҳия хоҳад кард. Феълан, дар Суғду Хатлон бунгоҳҳои хабарии шабакаи «Сафина» таъсис шудааст ва ҳудуди 100 корманди эҷодиву техникӣ дар ин телевизион машғули коранд. Ҷаноби Пиров мегӯяд, фанновариҳои телевизиони ҷадид аз ширкати «Сони»-и Ҷопон бар ивази 750 ҳазор доллари амрикоӣ дарёфт шудааст. Маҳмадсаид Пиров мегӯяд, дар айни ҳол, шабакаи «Сафина» аз лиҳози техникӣ комилан муҷаҳҳаз аст, аммо ҳанӯз ба кормандони соҳибихтисос ниёз дорад. Ба қавли ӯ, то охири соли ҷорӣ кумитаи ТВ ва радиошунавонӣ фаъолияти шабакаи «Сафина»-ро маблағгузорӣ хоҳад кард ва шурӯъ аз соли 2006 ин телевизион ба тобеияти ҳукумати Тоҷикистон мегузарад. Маҳмадсаид Пиров гуфт, дар расми тақдимоти шабакаи телевизионии «Сафина» ширкати раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов дар назар аст.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG