Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ӯзбакистон барои қатори Душанбе--Маскав роҳ надорад


Мақомоти роҳи оҳани Ӯзбакистон бо эълони ин ки ба транзити қатори Душанбе -- Маскав омода нестанд, иҷрои созиши миёни Тоҷикистон ва Русияро дар бобати ифтитоҳи дубораи ҳаракат дар ин хат зери суол гузоштанд. Ин мақомот дар барқияи худ гуфтаанд, бо сабаби сар шудани тармим дар хатти мазкур онҳо ба қатори Тоҷикистон масири дигареро пешниҳод карда метавонанд. Аммо масъули бахши роҳи оҳан дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, Абдуманнон Халилов ба радиои Озодӣ гуфт, ин масир боиси мушкилоте мешавад, ки умуман оғози дубораи ҳаракатро номумкин мегардонад. Вагарна, гуфт ҷаноби Халилов, қатори Душанбе -- Маскав пурра ба ҳаракат омодааст ва онро дар Маскав интизоранд.
Масъалаи эҳёи ҳаракати қатор дар ин хатти сайр дар нишасти масъулони идораи роҳи оҳани кишварҳои муштаракулманофеъ, аввали моҳи август дар Маскав ҳал шуда буд. Он вақт мақомоти Ӯзбакистон гуфта буданд, ки барои ин ҳеҷ монеае вуҷуд надорад. Баста будани ҳаракат дар ин масир ҳазорон нафар аз мусофирони тоҷикро маҷбур мекунад, ки бо нархи гарон тавассути ҳавопаймо сафар кунанд.
Фарҳоди Милод, Душанбе
XS
SM
MD
LG