Пайвандҳои дастрасӣ

Дар атрофи сафари ҳаҷ


Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ба тафтиши фаъолияти Кумитаи дини назди ҳукумати ин кишвар, ки масъули асосии қабулу гусели зойирони тоҷик дар мавсими Ҳаҷҷи соли 2005 буд, шурӯъ кардааст. Дар расонаҳои гурӯҳии чопи Душанбе дар ду ҳафтаи ахир матолибе мунташир шуда, ки дар онҳо раиси кумитаи дин ба сирқати маблағ, таҳияи асноди ҷаълӣ ва фиреби беш аз 4000 зойир муттаҳам мешавад.
Абдуқодир Муҳаммадиев - сардори шӯъбаи додситонии кулли Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ таъйид кард, ки бо қарори додситонӣ бозрасони кумитаи давлатии назорати молиявӣ фаъолияти кумитаи динро дар давоми солҳои 2003 то 2005 ва махсусан дар мавсими гусели ҳоҷиён дар соли ҷорӣ тафтиш кардаанд. Оқои Муҳаммадиев гуфт, асноди тафтишотӣ ва маводи таҳияшуда аз санҷиши фаъолияти кумитаи дин дубора тавассути додситонии кулл мавриди санҷиш ва омӯзиш қарор мегирад.
Ин дар ҳолест, ки дар нашрияи "Тоҷикистон", чопи Душанбе аз 11 августи соли ҷорӣ бо нашри як матлаб раиси кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистонро ба фиреби молӣ, истифодаи пули зоирон ба суди шахсӣ, таҳияи асноди ҷаълӣ, нишондоди барғалат дар бораи нархномаи хидмати тиббӣ ва меҳмонхона ва ба ҳамин тартиб маблағи барои қурбонӣ муттаҳам шудааст.
Муродулло Давлатов - раиси кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон куллия иттиҳомоти ворида алайҳи ӯро бепоя ва бебунёд хонда афзуд, ки чопи матлаби интиқодии нашрияи "Тоҷикистон" бо ғараз сурат гирифтааст. Вай гуфт, ин навишта дар асоси баёноти бардурӯғ ва носанҷидаи афроде рӯи чоп омадааст, ки дар солҳои қабл дар маъракаи гусели зоирин масъулият ва низ манфиат доштаанд. "Муаллифони мақола, мутаассифона ба баёноти онҳое такия кардаанд, ки дар гузашта аз ташкили сафари ҳаҷ манфиат мегирифтанд. Онҳоро дар байни мардум "ҳоҷибарак" меноманд."
Аммо Абдуқодир Муҳаммадиев - сардори шӯъбаи додситонии кулли Тоҷикистон дар робита ба далоили маводи навиштаи ҳафтаномаи Тоҷикистон изҳори назар накард. Оқои Муҳаммадиев афзуд, ки ин матлаб тавассути додситонӣ ба чоп нарасидааст ва то анҷоми таҳқиқи фаъолияти кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон наметавонад дурустӣ ва нодурустии далоили ин навиштаро таъйид ва ё рад кунад.
XS
SM
MD
LG