Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Алексей Симонов: Парвандаи Боқизода ғайри қобили тафсир аст


Раиси Бунёди байнулмилалии дифоъ аз ошкорбаёнӣ, марказаш дар Маскав, Алексей Симонов, ҳукми додгоҳи Тоҷикистонро дар баробари Мухтор Боқизода, соҳибимтиёзи нашриёти "Кайҳон" ва сардабири ҳафтаномаи "Нерӯи сухан" аз як сӯ хандаовар ва аз сӯи дигар фишори ошкоро ба озодии баён номид. Вай ба радиои Озодӣ гуфт: "Аслан, вақтҳои охир ман аз Тоҷикистон иттилоъи кам доштам ва шояд беҳтар буд, шарҳе намедодам, вале ин парванда он қадар ғайриоддӣ ва ғайриқобили дарку тафсир аст, ки наметавон аз он чашм пӯшид. Ман фикр мекунам, чунин тарзи кор кӯшишҳои навест, барои ёфтани роҳҳои фишор ба озодии баён. Ин ҳам дар Тоҷикистоне ки акнун нисбатан сулҳу оромӣ дорад ва ин оромӣ ба мақомот имкон додааст, ан нав дар пайи журналистон афтанд. Ба назари ман, мақомоти Тоҷикистон чунин тарзи бархӯрд бо матбуоти мустақилро аз мақомоти Русия омӯхтаанд, ки ҳамин гуна бо баҳонаҳои зоҳирӣ, дуюмдараҷа ва даврубарӣ тавонист, шабакаи NTV-ро зери даст гирад ва ТВТсе-ро бандад. Ин аст, тарзи нави мубориза бо озодии баён, ки дар кишварҳои шӯравии собиқ ба кор гирифта шудааст."
Додгоҳи ноҳияи ба номи Фирдавсии Тоҷикистон мудири нашриёти "Кайҳон", сардабири ҳафтаномаи "Нерӯи сухан" ва ҳамзамон раиси Бунёди ҳимояи журналистон, Мухтори Боқизодаро барои дуздии нирӯи барқ ба ду соли кори иҷборӣ маҳкум кард. Худи ӯ, вакили ҳуқуқияш ва рӯзноманигорони зиёд дар Тоҷикистон мегӯянд, ин ҳукм ба фаъолияти касбии Боқизода пайванд дорад. Чанд парвандаи ахир, ба монанди журналист ва корманди давлатӣ Ҷумъабой Толибов ва пеш аз ӯ, Ваҳҳоби Латиф, корманди ҳафтаномаи "Нерӯи сухан" ва ҳафтаномаи "Вечерний Душанбе" нишон медиҳанд, ки ахиран таваҷҷӯҳи додгоҳ ба журналистон афзоиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG