Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармояҳои нави Русия барои Тоҷикистон


Дар тарҳи буҷаи давлатии Русия барои соли 2006, ки ахиран нахуствазир Михайл Фрадков имзо кард, барои эҳдоси нирӯгоҳи Сангтӯдаи 1 дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон 2 миллиарду 86 миллион рубли иловагӣ, муодили тақрибан 600 миллион доллар ихтисос дода хоҳад шуд. Ин матлабро манобеъи хабарии ҳукумати Русия интишор кард. Ҳамзамон гуфта шудааст, тарҳи буҷа пас аз тасвиб дар Думаи давлатии Русия ҷанбаи қонунӣ касб мекунад.
Дар ҳамин ҳол Олег Дерипаска, раиси шӯрои мудирияти ширкати "Базовый элемент", тавлидкунандаи аслии арзизи Русия дар мулоқот бо Владимир Путин рӯзи панҷшанбеи 25 август эълом дод, ширкати онҳо ба соҳаи саноеъ ва энержии Тоҷикистон наздик ба 2 миллиард пешбинӣ кардааст ва шурӯъи эҳдоси нирӯгоҳи обии Роғун ба моҳи ноябри соли равон дар назар аст:
"Мо дар Тоҷикистон барои сохтани нирӯгоҳи Роғун, бозсохти корхонаи арзизи Турсунзода ва бунёди як корхонаи нави арзиз ёддошти тафоҳум ба имзо расонидем. Мо ҳамоҳангиҳои фанниро бо Тоҷикистон ва ширкати РАО ЕЭС дар робита ба Роғун анҷом додаем, тарҳро омода кардаем. Онро мутахассисони олмонӣ тартиб додаанд. Пас аз анҷоми ташхиси давлати аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон моҳи ноябр ба кор шурӯъ хоҳем кард."
Вай афзуд, ин тарҳҳо ҳудудан 1 миллиарду 800 миилион доллар сармоя тақозо доранд.
XS
SM
MD
LG