Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақоми қонунӣ ба тоҷикони Маскав


Муҳаммадраҳими Сайдар аз Маскав

Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия барои қонунисозии буду боши муҳоҷирони кории хориҷӣ дар шаҳру вилояти Маскав ба анҷоми як озмоиши бесобиқа иқдом кардааст. Ҳафтаи дуввум аст, кормандони хадамот ҳамроҳ бо пулис ба ҷойи кори муҳоҷирон мераванд, ба онҳо варақаи муҳоҷиратӣ ва иҷозатномаи кор медиҳанд.

Раиси бахши муҳоҷирати корӣ дар Хадамоти федералии Русия Вячеслав Поставин дар мулоқот ба муҳоҷирон дар минтақаи Люберсй эълом кард: "Ҳадафи боздид додани санад ба шумост, то ки шумо мунтаҳо дар хоки Русия мақоми қонунии худро дарёфт намоед. Мо ҳоло ба ҳар кадоми шумо варақаи муҳоҷиратӣ медиҳем."

Намояндаи хадамоти муҳоҷират ҳамчунин гуфт, ки яке аз дигар ҳадафҳои озмоиш, ҷилавгирӣ аз фасод дар бинокорист. Дар акси ҳол ин хатар ба иқтисоди кишвар таҳдид мекунад. Ин дар ҳолест, ки корфармоён аз ин иқдоми хадамоти муҳоҷират истиқбол кардаанд. Раиси ширкати бинокории "Люберси" мегӯяд: "Ҳар як коргар ҳозир ба буду боши қонунист, вале анҷоми ин кор душвор аст, зеро таҳияи асноди як нафар беш аз 500 доллар масраф ва тақрибан ним сол вақт мехоҳад."

Гуфта шудааст, озмоиш бо ибтикори раиси ҷадиди Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский шурӯъ шудааст. Ба гуфтаи раёсати хадамот, агар озмоиш дар марказ натиҷаи матлуб ба бор биорад, ин таҷриба дар саросари Русия истифода хоҳад шуд. Ҳамзамон таъкид шудааст, дар саросари Русия ҳудудан 8 миллион муҳоҷири ғайримаҷоз кор мекунад ва хадамот ба далели камии корманд шояд натавонад, ба ҳамаи ниёзмандон аснод бидиҳад.

Бино ба хабари шабакаи телевизионии НТВ, дар аксари ширкатҳои бинокории Маскав ғолибан атбоъи Тоҷикистон кор мекунанд ва бо мушоҳидаи ин ҳолат Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия тасмим гирифтааст, аз мақомоти кишвари худ хоҳиш намояд, то барои соддасозии ба расмият даровардани асноди шаҳрвандони Тоҷикистон ба созишномаи танзими муҳоҷирати ду кишвар тағйироту иловаҳо ворид карда шавад.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни охирин боздиди худ аз Маскав моҳи май эълом кард, дар масъалаи муҳоҷират байни Русия ва Тоҷикистон ҳеҷ мушкиле боқӣ намондааст.

Бино ба омор, тайи 4 соли ахир ҳудудан 12 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик ба далели надоштани сабти иқомат ва иҷозаи кор аз Русия ҷабран хориҷ карда шудаанд ва тибқи қонунҳои ин кишвар то панҷ соли дигар онҳо ҳуқуқи бозгашт ба Русияро надоранд, вале шояд иқдоми нави мақомоти Русия ин саддро аз роҳи муҳоҷирон бардорад.
XS
SM
MD
LG