Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тафтиши фаъолияти кумитаи дин


Додситонии кулли Тоҷикистон ба тафтиши фаъолияти Кумитаи дини назди ҳукумат, ки масъули асосии қабулу гусели зойирони тоҷик дар мавсими Ҳаҷҷи соли 2005 буд, шурӯъ кардааст. Дар расонаҳои гурӯҳии чопи Душанбе дар ду ҳафтаи ахир матолибе мунташир шуда, ки дар онҳо раиси кумитаи дин ба сирқати маблағ, таҳияи асноди ҷаълӣ ва фиреби беш аз 4000 зойир муттаҳам мешавад.
Абдуқодир Муҳаммадиев - сардори шӯъбаи додситонии кулли Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ таъйид кард, ки бо қарори додситонӣ фаъолияти кумитаи дин мавриди омӯзиш қарор мегирад.
Муродулло Давлатов - раиси ин кумита гуфт, матлаби интиқодии нашрияи "Тоҷикистон" дар асоси баёноти бардурӯғи афроде чоп шудааст, ки дар солҳои қабл дар ташкили сафари ҳаҷ манфиат доштаанд.
Аммо Абдуқодир Муҳаммадиев - сардори шӯъбаи додситонии кулли Тоҷикистон дар робита ба далоили маводи навиштаи ҳафтаномаи Тоҷикистон изҳори назар накарда,афзуд, ки то анҷоми таҳқиқ наметавонад дурустӣ далоили ин навиштаро таъйид ва ё рад кунад.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG