Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари муштзанҳои тоҷик ба Вйетнам


Тими мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба бокс озими Вйетнам шуд. Бино ба иттилоъи Аббос Неъматуллоев, мураббии муштзанҳои тоҷик, ин мусобиқа аз 28 август то 4 сентябр идома хоҳад кард.

Ҳайати тими мунтахаби ин кишвар аз муштзанҳои Душанбе - Анвар Юнусов ( вазни 51 килограмм), Маъруф Файзуллоев ( 60 кг ), Хуршед Ҷӯраев ( 64 кг ), варзишгарони вилояти Суғд - Меҳроҷ Умаров ( 54 кг ), Абдусалом Ҳасанов ( 57 кг ), Ҷаҳон Қурбонов ( 75 кг ) ва Константин Мокроусов (81 кг ), намояндаи Қӯрғонтеппа - Ҳамид Отаҷонов ( 69 кг ) иборат аст.
XS
SM
MD
LG