Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нишасти сарони кишварҳои муштаракулманофеъ имрӯз дар Қазон оғоз ба кор мекунад


Имрӯз, 26 август дар шаҳри Қазон, пойтахти Ҷумҳурии Тотористони Русия нишасти навбатии сарони кишварҳои муштаракулманофеъ доир мешавад. Ислоҳоти низоми фаъолияти мақомоти иҷроияи ин созмон як масъалаи асосӣ дар дастури кори нишасти Қазон буда, ҳамчунин қарор аст, сарони кишварҳо чанд санад дар заминаи муборизаи муштарак алайҳи терроризму муҳоҷирати ғайриқонуниро ба имзо расонда, соли 2006-ро соли Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ эълон кунанд.Нишасти навбатии сарони ин кишварҳо дар Қазон дар рӯзҳое мегузарад, ки пойтахти Ҷумҳурии Тотористон аз солгарди 1000-уми таъсисаш таҷлил мекунад.

Дар ҳамин ҳол, як мақом аз дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ба хабаргузории русии ИТАР ТАСС гуфтааст, ки Душанбе ҷонибдори таҳияи механизмҳои муассири назорат бар ҷараёни иҷрои қарорҳоест, ки дар нишастҳои қаблии ин созмон қабул шудаанд. Вай афзудааст, ки ҳар санад бояд аҳдофи воқеъиро думбол кунад ва иҷро шавад. Ва ин дар ҳолест, ки ба ҳисоби мусоҳиби ИТАР ТАСС, аз 400 то 500 санаду қароре, ки Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ қабул кардааст, ҳеҷ якеаш амалан кор намекунад.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG