Пайвандҳои дастрасӣ

О.Дерипаска: "Сохтмони Роғун моҳи ноябр шурӯъ мешавад"


Президенти Русия Владимир Путин рӯзи панҷшанбе дар осоишгоҳи давлатиаш дар Сочи бо раҳбари ширкати "Русский Алюминий" ё худ "РусАл" Олег Дерипаска барномаҳои сармоягузории он ширкатро баррасӣ кардааст. Олег Дерипаска ба президенти Русия гуфтааст, "РусАл" бар асосии як ёддошти тафоҳуми бо давлати Тоҷикистон имзокардааш мехоҳад дар он кишвар як корхонаи нави алюминсозӣ ва нирӯгоҳи Роғунро бунёд карда, имконоти тавлидотии корхонаи мавҷудаи алюминсозии Регарро бо таъсиси ду коргоҳи нав тавсиъа диҳад. Олег Дерипаска гуфтааст, ки "РусАл" барои бунёди Роғун 1 миллиарду 200 миллион ва барои он ду барномаи дигари марбут ба корхонаҳои алюминсозӣ 600 милён доллари дигар ҷудо мекунад.Ин дар ҳолест, ки то кунун ҷамъи сармояи ваъдагузоштаи "РусАл" ба Тоҷикистон ҳудуди 1 миллиарду 300 миллион доллар ҳисоб шуда буд.

Раҳбари ширкати "Русский Алюминий" ба президенти Русия гуфтааст, ҳама ҳисобу китобҳои фаннии сохтмони нирӯгоҳи Роғун тавассути як ширкати олмонӣ анҷом шудааст ва дар пайи иҷро шудани ташхиси давлатии тарҳи ин сохтмон ширкати вай алакай дар моҳи ноябр ба иҷрои ин барнома шурӯъ мекунад. Владимир Путин аз Олег Дерипаска пурсидааст, ки рақибони хориҷӣ ба фаъолиятҳои "РусАл" дар Тоҷикистон чӣ гуна нигоҳ мекунанд? Оқои Дерипаска дар посух ба ин суол гуфтааст, ки онҳо шароити беҳтареро ба Душанбе пешниҳод карданд ва давлати Тоҷикистон табъан аз байни муддаиён ба "РусАл" бартарӣ дод.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG