Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

59,9 миллион доллар кӯмаки Амрико ба Тоҷикистон


Амрико мегӯяд, дар тӯли соли молии 2005, ки 1 октябр ба поён мерасад, ҳаҷми кӯмакҳое, ки дар ин як сол тавассути созмонҳои давлатии Амрико дар ин як соли молӣ дар ихтиёри Тоҷикистон қарор гирифт ва ё мегирад, 59,9 миллион долларро ташкил медиҳад. Аз ҷумла қариб нисфи ин кӯмакҳо - 26,2 миллион доллараш - кӯмакҳои амниятиву интизомӣ буда, Амрико дар ин муддат танҳо барои тақвияти ҳифзи марзҳои Тоҷикистон ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир 16,5 миллион доллар кӯмаки иловагӣ ҷудо кардааст. 10,6 миллион доллар кӯмакҳои Амрико дар соҳоти иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон масраф шуда, аммо кӯмакҳои башарии Вошингтон ба мардуми Тоҷикистон дар соли молии 2005 16,7 миллион долларро ташкил додааст.

Мақомоти Амрико ҷамъи кӯмакҳои дар чаҳорчӯби барномаҳои рушди демократия дар Тоҷикистон масрафшуда тавассути созмонҳои давлатии амрикоиро 5,6 миллион доллар ҳисоб карда гуфтаанд, ин кӯмакҳо аҳдофе ба мисли беҳбуди ҷараёнҳои сиёсӣ, афзоиши имконот барои мақомоти марказиву маҳаллӣ, тақвияти ҷомиаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар, пуштибонии расонаҳои мустақил ва мусоидат ба ҳимоят аз ҳуқуқи башарро думбол мекарданд.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG