Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми додгоҳ ба Мухтор Боқизода


Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт мудири чопхонаи "Кайҳон", сардабири ҳафтаномаи "Нерӯи сухан", раиси Бунёди дифоъи рӯзноманигорони Тоҷикистон -- Мухтори Боқизодаро ба ду сол барои кори иҷборӣ бо ситонидани 20 дар сади маошаш ба суди давлат маҳкум кард. Додрас Сафаралӣ Қурбонов, баъд аз зӯҳри 25-уми август ҳукми додгоҳро дар ҳузури хабарнигорон ва намояндагони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорони кишвар қироат кард. Вай гуфт, додгоҳ ҷиҳатҳои сабуккунандаи ҷазо, аз ҷумла, дар тарбияи муттаҳам қарор доштани кӯдакони ноболиғ, ба ҷомиа хафв надоштани амали содиркарда ва ниҳоят, бори нахуст ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шудани Мухтор Боқизодаро ба назар гирифта тақозои додситонӣ, яъне, ба 3 сол аз озодӣ маҳрум кардани ӯро рад кардааст. Вале ҳамзамон, тибқи ҳукми додгоҳ, то хатми мӯҳлати ҷазо Боқизода ҳаққи берун омадан аз маҳалли иқомати худро надорад.
Аммо Иноят Иноятов, вакили мудофеи Мухтор Боқизода гуфт, ба ҳукми додгоҳ розӣ нест. Худи Боқизода низ изҳор дошт, парвандаи ӯ холисона баррасӣ нашуда, ҳукми додгоҳ зери фишори мақомот содир гашт. Боқизода ва вакили ӯ эълом доштанд, ки ба ҳукми додгоҳ шикояти расмии худро дар мӯҳлати таъиншуда муқобил хоҳанд гузошт.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG