Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонони Тоҷикистон дар садади таъсиси ҳизби вижаи худ


Саидҷаъфар Исмонов, як нафар узви ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ гуфт, азм дорад, бо гурӯҳи аъзои собиқи ҳизби коммунисти даврони Шӯравӣ як ташаккули ҷадиди сиёсӣ бо номи "ҳизби ҷавонони прогрессиви Тоҷикистон" таъсис диҳад. Ҷаноби Исмонов зимни муаррифии ҳадафу мароми ин ташаккули сиёсӣ гуфт, ин ҳизб дар асоси мактаби созмони комсомоли пешин, як бахши ҳизби коммунисти Шӯравии собиқ таъсис ёфта ва дар ин замина барои ширкати ҷавонон дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ мусоидат хоҳад кард. Ҷаноби Исмонов мегӯяд, дар ҳоли сабти ном шудани ҳизби ҷавонони прогрессив аз сӯйи вазорати адлияи кишвар, вай омода аст, аз узвияти ҲХДТ ихроҷ шавад ва дар садри ҳизби ҷавонони прогрессиви Тоҷикистон қарор бигирад.

Ба гуфтаи Маҳмуд Холов, корманди вазорати хоҷагии об ва ҳамзамон яке аз дигар муассисони ҳизби ҷавонони прогрессив, дар ҳоли ҳозир, зиёда аз 600 нафар ҷонибдории худро аз аҳдоф ва барномаи ин ташаккули ҷадиди сиёсӣ эълом доштаанд. Ӯ мегӯяд, 12-уми сентябр аъзо ва муассисони ҳизби ҷавонон як ҳамоиш барпо мекунанд ва дар он сарвари худро интихоб ва барномаи ҳизбро тасдиқ хоҳанд кард. Ба иддаои ҷаноби Холов, тайи як моҳи дигар оинномаи ҳизби онҳо дар мақомоти кишвар сабтином хоҳад шуд, зеро дар ҳоли ҳозир мавҷудияти чунин як ҳизби хоса барои ҷавонон зарур аст.

Дар ҳамин ҳол, Саидҷаъфар Исмонов, раиси гурӯҳи ташаббускори ҳизби ҷавонони прогрессив бо интиқод аз аҳзоби дигари кишвар гуфт, адами ҳузури фаъоли ҷавонон дар интихоботи гузаштаи парлумонии Тоҷикистон ва камтаваҷҷӯҳии ташаккулҳои сиёсӣ ба умури ҷавонон яке аз дигар сабабҳои аслии ташкили ин ҳизб будааст. Ҷаноби Исмонов гуфт, бар асоси оинномаи ин ҳизб, ҷавонони синни 18-45-солаи кишвар метавонанд аъзои ҳизби ҷавонони прогресиви Тоҷикистон гарданд ва хостаҳои сиёсии худро тавассути ин ташаккули сиёсӣ пайгирӣ ва матраҳ намоянд.
XS
SM
MD
LG