Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон 28 кони тилло дорад, аммо...


Заминшиносон ҳанӯз дар аҳди шӯравӣ дар қаламрави Тоҷикистон дастикам 28 кони тило ва чандин кони нуқраро кашф кардаанд, ки бузургтаринаш Кони Мансур, дуввумин кони бузурги нуқраи ҷаҳон аст. Ҳамин тавр метавон кони бузурги волфрамро ном бурд, ки дар мавзеъи Майхӯра, 95-километрии Душанбе кашф шудааст. Ва ҳам чандин кони сурбу симоб ва конҳои ангишт назири кони Назарайлоқ. Исматуллоҳ Раҳмонов, мудири шӯъбаи заминшиносӣ дар Саридораи геологияи тоҷик сарватҳои табиии кишварро азим мешуморад, вале мегӯяд, бе сармояи беруна коркарди онҳо дар ҳоли ҳозир аз имкон берун аст. То кунун давлати Тоҷикистон дар роҳи ҷалби сармояи хориҷӣ бештар дар риштаи истихроҷи тило комёб будааст. Дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта дар ин ришта чанд корхонаи муштарак таъсис ёфт, ки умдатаринҳояш корхонаи Тоҷикистону Бритониё мавсум ба "Зарафшон", ҳамчунин ширкатҳои "Апрелевка" ва Дарвоз мебошанд. Зайд Саидов, вазири саноати Тоҷикистон мегӯяд, акнун ба манзури истихроҷи маъдани тило аз кони Таррор ҳам сармояи лозим ба даст омадааст. Аммо ба истиснои соҳаи заршӯӣ дар соъири риштаҳои саноати кӯҳии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи кофии сармоягузорон ба назар намерасад.

Мақомот ва коршиносони тоҷик , то ҳол ба қадри кофӣ ба ҷаҳон муаррифӣ нашудани харитаи сарватҳои зеризаминии кишварро як иллати аслии чунин сурати ҳол медонанд. Мушкили дигар дурафтодагии конҳо аз марказ ва асосан дар манотиқи душворгузари кӯҳистон ҷойгир будани онҳо, камбуди роҳҳои муносиби иртиботӣ ва васоил барои ҳамлу нақли ин маъданҳо будааст. Аммо ҳатто он корхонаҳои истихроҷ ва коркарди маъдан, ки дар Тоҷикистон мавҷуданд, имрӯз ба ниҳояти имконоти фаннии худ фаъолият мекунанд ва таҷҳизоти онҳо ба сурати умум кӯҳнаву фарсуда шудааст.

Хусусияти дигари ин риштаи саноат дар Тоҷикистон маҳдуд будани корхонаҳо танҳо ба тавлиди маъдан аст ва бахши аъзами маҳсулоти онҳо ба сурати ашёи хоми коркардношуда ба хориҷ фурӯхта мешавад. Корхонаи маъдани Анзоб, воқеъ дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд бо он ки яке аз бузургтарин конҳои сурмаву симоби минтақаро дар ихтиёр дорад, низ маҳсулоти худро ба сурати ашёи хом мефурӯшад ва коркарди баъдии он дар корхонаи Қадамҷойи Қирғизистон сурат мегирад. Сипас, худи Тоҷикистон ин маҳсулотро бо нархи гаронтар аз қирғизҳо мехарад. Абдурауф Ҷӯраев, мушовири вазири саноати Тоҷикистон мегӯяд, акнун қарор аст, бо роҳи ҷалби сармоя коркарди маҳсулот дар худи корхонаи маъдани Анзоб ба роҳ андохта шавад.
Дар аҳди шӯравӣ дар қаламрави Тоҷикистон чанд корхонаи стротегӣ мавҷуд буд, ки барои саноати низомӣ кор мекард. Яке аз онҳо корхонаи пӯшидаи Чкаловск буд, ки ҳоло бо номи "Востокредмет" машҳур аст. Он дар замони шӯравӣ солона то 2000 тонна маъдани уран тавлид мекард. Аммо акнун ки саноати низомии шӯравии собиқ аз ҳам фурӯ пошидааст, ин корхона тақрибан фаъолият надорад ва талошҳои он ба тавлиди маҳсулоти ғайринизомӣ, ки як намунааш тавлиди автобусҳои мусофирбар бо номи "Тоҷикистон" буд, ба нокомӣ анҷомид.
Академик Нуриддин Қайюмов, раиси Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт дар вазорати ҳамноми Тоҷикистон мегӯяд, даст ёфтан ба тавлиди маҳсулоти бозоргир ва қобили рақобат барои таъсисоти саноатии Тоҷикистон масъалаи ҳаёту мамот шудааст, вале бисёре аз корхонаҳои саноатӣ ба таҷдиди ҷиддӣ таҷҳизот, нирӯи кор ва фанноварӣ ниёз доранд.

Бо назардошти ин вазири саноати Тоҷикистон мегӯяд, феълан як барномаи стротегии рушд дар дасти таҳрир буда, як масъалаи муҳими матраҳ дар он бозсохти корхонаҳои мавҷуд ва ташкили тавлидоти нав дар истихроҷ ва коркарди маъдан аст. Аммо Зайд Саидов иҷрои ин барномаро танҳо ва танҳо дар сурати ҷалби таваҷҷӯҳи сармоя мумкин медонад.

Бо ин ҳол, бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон корхонаи алюминсозии Регар боқӣ мемонад, ки 55 дарсади содироти мамлакат аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти он ҳосил мешавад. Корхонаи ТадАЗ ҳанӯз соли 1975 сохта шуда, иқтидори тавлидотиаш беш аз ним миллион тонна алюмин дар сол ҳисоб шудааст. Аммо ин корхона дар 30 соли фаъолияташ соле ҳам бо иқтидори тамом кор накарда, масалан соли гузашта 360 000 тонна маҳсулот бароварда буд, ки 97 дарсадаш ба хориҷ фурӯхта шудааст. Давлати Тоҷикистон барномаи хусусигардонии корхонаи алюмини Регарро то соли 2007 дар назар дорад.

Иқболшоҳ Салимов, муовини аввали раиси Кумитаи идораи амволи давлатии Тоҷикистон мегӯяд, ин корхона шояд ба ҷамъияти саҳҳомӣ табдил ёфта, саҳмияҳои он ба бозорҳои бурс бароянд. Эҳтимоли фурӯши корхонаи алюмини Турсунзода, ки барои соли 2007 пешбинӣ шудааст, аз ҳоло таваҷҷӯҳи доираҳои моливу тиҷоратиро ба хусус дар Русия сахт ҷалб кардааст ва дар тӯли соли гузашта байни ду ширкати бузурги алюминфурӯшии он кишвар РусАл ва СуАл барои даст ёфтан ба бозори алюмини Тоҷикистон рақобатҳои шадид ҷараён дошт, то оне ки дар тирамоҳ ба нафъи ширкати РусАл анҷом ёфт. Ин ширкат дар баробари бунёди ду коргоҳи нави электролиз дар заминаи корхонаи ТадАЗ, ки иқтидори тавлидотии ин корхонаро ба 200 ҳазор тонна алюмини дигар дар сол хоҳад афзуд, ҳамчунин барои бунёди як корхонаи нави тавлиди алюмин дар вилояти Хатлон 600 миллион доллар ва барои бунёди обанбор ва ду муҳаррики аввали нирӯгоҳи Роғун, ки бояд фаъолияти ин корхонаҳоро бо нирӯи барқ таъмин кунад, 560 миллион доллари дигар ваъда кардааст. Янош Томичек, раҳбари барномаҳои сармоягузории ширкати Русал дар Тоҷикистон мегӯяд: "Нирӯи барқи арзон тавлиди пурсамартари маҳсулоти ниҳоӣ, яъне алюминро таъмин карда, ба рушди муассиртари иқтисоди худи Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард ва ҳам ин кишварро ба яке аз кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ қудратманди Осиёи Марказӣ табдил хоҳад дод."

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бо сохта шудани ҳарду нирӯгоҳи Сангтӯда ва ду муҳаррики аввали нирӯгоҳи Роғун, яъне сар аз соли 2010 мушкили таъмини мардум ва корхонаҳо бо нирӯи барқ ҳал шуда, як заминаи дигари муҳим барои рушди саноат фароҳам хоҳад овард. Аммо дасти кам баъд аз 5 соли дигар.
XS
SM
MD
LG