Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори драма дар Қаратоғ


Дар мавзеъи истироҳатии Қаратоғи ноҳияи Турсунзода бо ибтикори вазорати фарҳанг ва иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон машварат-семинари саросарии дромнависони кишвар ба кор шурӯъ кард.

Дар ҷаласаи мазбур аз тамоми шаҳру навоҳии кишвар дромнависон гирд омадаанд ва тибқи иттилоъи Камоли Насруллоҳ, муовини раиси иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, дар ин машварат ҳамзамон озмуни беҳтарин дром баргузор мегардад.

Аз ҷониби дигар ҷаласаи мазбур як навъ бозори дром ҳам талаққӣ мегардад, зеро асарҳое, ки дар озмун баранда мегарданд, аз ҷониби коргардонҳои театрҳои кишвар харидорӣ шуда, ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Машварати дромнависон дар кишвар ҳар сол баргузор мегардад.

Ва дар озмунҳои қаблӣ дромнависони варзида ва шинохта ҳамчун Сафармуҳаммад Аюбӣ, Ато Ҳамдам, Ҷумъа Қуддус пирӯз шудаанд.
XS
SM
MD
LG