Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки тиҷории Қазоқистон ба Душанбе омад


Имрӯз, 25 август, дар Душанбе маросими расмии ифтитоҳи дафтари "Турон Алем Бонк", ки бонуфузтарин бонки тиҷории Қазоқистон маҳсуб мегардад, баргузор мешавад. Далер Норматов, раҳбари намояндагии "Турон Алем Бонк" дар Тоҷикистон мегӯяд, манобеи молии ин бонк ҳудуди панҷ миллиард ва ҳаҷми умумии сармояи оинномавии он 600 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Бонки мазкур ба ироаи хадамоти мухталифи бонкӣ, аз қабили амалиёти интиқоли маблағ, ихтисоси вом, сармоягузории тиҷорӣ ва додани қарзҳои замонатӣ машғул будааст ва дар ҳоли ҳозир дар Чин, Русия, Белорус, Гурҷистон, Қирғизистон ва Узбакистону Украина дафтарҳои намояндагӣ доштааст.


Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, дар ду соли охир барои эҷоди шароит ҷиҳати фаъолияти бонкҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон иқдомоти мушаххас анҷом гирифтааст. Ҷумъахон Эшов, муовини аввали раиси Бонки Миллии Тоҷикистон бо ишора ба ин мавзӯъ гуфт, дар доираи барномаи ислоҳоти низоми бонкдории ин кишвар, ки ҳамакнун дар ҳоли анҷом аст, бонкҳои хориҷӣ имконият ёфтаанд, бо сад дар сад сармояи хориҷӣ фаъолияти худро дар Тоҷикистон ба роҳ монанд. Бар асоси муқаррароти қаблӣ, бонкҳои хориҷӣ дар ин замина маҳдудиятҳое пеши рӯ доштаанд ва метавонистанд, танҳо бо 30 дарсад сармояи худӣ вориди бозори бонкӣ шаванд. Бар асоси маълумоти Бонки Миллии Тоҷикистон, феълан дар ин кишвар танҳо як бонки хориҷӣ - "Бонки Тиҷорат"-и Эрон расман дафтари намояндагӣ ташкил додааст ва мустақиман фаъолиятҳои бонкӣ анҷом медиҳад.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG