Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба айбномаи Мухтор Боқизода


Дар додгоҳи ноҳияи ба номи Фирдавсии шаҳри Душанбе муҳокимаи Мухтор Боқизода, мудири интишороти "Кайҳон" ва сардабири ҳафтаномаи "Нерӯи сухан" идома дорад. Айбномаи ӯ эълон шудааст ва мо аз чанд нафар хостем, дар робита ба заминаҳои ин айбнома изҳори назар кунанд:

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон:
"Дар 14 соли истиқлолияти Тоҷикистон ман ягон бор надидаам ва нашунидаам, ки касеро ё корхонаеро барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида бошанд. Бинобар ин ман умед дорам додрас ҳама ин паҳлуҳоро ба инобат гирифта, Мухтор Боқизодаро бегуноҳ меҳисобад."

Раҷаби Мирзо, сардабири ҳафтаномаи "Рӯзи нав":
"Ба назари ман, агар барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд, бояд нисфи мардуми кишвар ба ҳабс гирифта шавад. Ба фикри ман, ин парванда ҳам ҷанбаи сиёсӣ дошта ва бо мақсади тарсондани мардум ва мумониат ба бедор шудани худшиносии мардум, равона карда шудааст."

Иноят Иноятов, вакили мудофиаи Боқизода:
"Амали содирнамудаи Мухтор Боқизода маъмурӣ аст, на ҷиноятӣ. Аз ин рӯ ман тақозои айбдоркунандаи давлатиро дар бораи он ки Мухтор Боқизода барои 3 сол аз озодӣ маҳрум, 5 сол аз фаъолияти рузноманигорӣ манъ ва аз зали суд ба ҳабс гирифта шавад, ғайриқонунӣ меҳисобам ва зимни суханронии худ дар мурофиа аз додрас хоҳиш кардам, зерҳимояи ман сафед карда шавад.
XS
SM
MD
LG