Пайвандҳои дастрасӣ

Шева ё забони адабӣ?


РӮЗИ НАҶОТИ ПАСОЯНДИ "РО"

Чаро гоҳномаҳо фақат идҳои бузурги гузаштаро нишон медиҳанду аз рӯйдодҳои хурд, вале ҳамчунон муҳим, қатъи назар мекунанд. Масалан, дар онҳо Рӯзи наҷоти пасоянди "ро" вуҷуд надорад. 67 сол пеш, дар ҳамин рӯзҳо, устод Садриддин Айнӣ, дар ҳоле ки сахт бемор буд, дар қатори роҳи оҳан аз Самарқанд ба Сталинобод сафар кард, фақат бо як мақсад, наҷот додани пасоянди "ро". Дар нимаи дуюми соли 1938 қарори ҳукумат омода мешуд, ки ба забони тоҷикӣ дигаргуниҳо ворид мекард, аз ҷумла истифодаи "а" ва "я"-ро ба ҷои пасванди "ро" ҳукми қонун медод. Дӯсти Айнӣ, шоир Лоҳутӣ дар ҷаласаи кумисюни давлатӣ ба ҳозирон пешниҳод мекард, ки пасванди ҳукуматиро, агар метавонанд, ба вожаи "соя" бипайванданд. Ва механдид: "сояя". "Шумо сояя мебинед?" ба ҷои "Шумо сояро мебинед?"
Ҳукумат инчунин мехост, пешоянди "ба" ба пасоянд табдил дода шавад. "Мактабба рафтам", дар ҷои "Ба мактаб рафтам". Айнӣ он вақт навишт, сарфу наҳви забони тоҷикӣ бар пояи ҳамгуниҳо дар шеваҳои Бухоро, Самарқанд, Ҳисор, Кӯлоб, Дарвоз, Қаротегин, Фалғар, Масчо, Конибодом, Исфара ва Уротеппа бунёд ёфтааст ва ҳама гуна тағйир бояд ин нуктаро ба ҳисоб гирад.
Айнӣ, Лоҳутӣ ва дигарон тавонистанд, забонро аз дахолати беҷо ҳимоят кунанд. Ва корномаи Айнӣ нишон медиҳад, ки барои ӯ хурдтарин ҳарфи ин забон монанди ҳаёти худаш муҳим буд.
Истифода аз шева дар осори бадеӣ барои намоиши симои қаҳрамон, ишора ба зодбуми ӯ ва ё сохтани лаҳзаҳои хандадор дар гузашта ҳам маъмул буд. Аммо чи ҳолате рӯй медиҳад, вақте тамоми намоиши ҳунарӣ бар ин поя сохта мешавад ва ё аз телевизион гӯиши маҳаллӣ садо медиҳад ва ё ашхоси расмӣ дар муҳосибаҳои матбуотӣ ё суханрониҳо ба лаҳҷа ҳарф мезананд, ва ё шоироне пайдо мешаванд, ки ашъори шевагӣ менависанд ва олимоне зуҳур мекунанд, ки саломати забони ҳазорсоларо зери суол мегузоранд? Посухи ин ҷумлаи тӯлонӣ дар гузориши ҳамкорам дар Душанбе Раҳматкарими Давлат, ки матнаш боби навбатиро ташкил дод:

ШЕВАҲОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Забони тоҷикӣ ба эътиқоди донишмандони забоншинос дар қаламрави сукунати тоҷикон дар шуравии пешин аз ҷумла Тоҷикистон ва Узбакистони имрӯз чаҳор шева ва ё гӯиши хос дорад. Ва ин шеваҳо ҳар кадоме ба мизони каму беш дар забони меъёр ва гуфтори тоҷикии умуии асар дорад. Ин шеваҳо кадомҳост. Сахидод Хоркашев муовини раиси Донишгоҳи омузгорӣ ва устоди шевашиносӣ мегӯяд, мавҷудияти чаҳор гурӯҳи шеваҳо исбот шудааст. Инҳо, шеваҳои шимолӣ, мобайнӣ, ҷанубӣ ва ҷанубу шарқӣ.
Шева ва ё лаҳҷаҳо на танҳо воситаи муоширати ҳаррӯзаи мардум, балки манбаъи рушди забони адабӣ ба шумор мераванд. Вале устод Хоркашев мӯътақид аст, ки мизони таъсири унсурҳои шева ба забони адабӣ ба мизони нуфузи намояндагони ин шеваҳо дар идораи давлат дар тули солҳо бастагӣ доштааст. Вай мегӯяд, замоне ки намояндагони Хуҷанд дар сари қудрат буданд, бисёриҳо кӯшиш мекарданд бо лаҳҷаи шимол сӯҳбат кунанд ва акнун, ки намояндаи Хатлон дар сари ҳокимият аст, майли бештар ба шеваи ҷанубӣ падидор мегардад.
Сайидраҳмон Саидов устоди забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи милии Тоҷикистон мегӯяд, сабаб дар он аст, ки забони гуфтугуии умуми тоҷикӣ то кунун шакл нагирифтааст. Ва то замоне, ки талоше дар заминаи ташаккули ин як забони меъёр нашавад, унсурҳои шева ё лаҳҷа ба забон ҳамчунон бештар нуфуз хоҳад кард. Шеваҳои забон ганҷинаи бебаҳои забони тоҷикист ва шевашиносон таъкиди устод Айниро аз ёд набурдаанд, ки гуфта буд, ба шеваҳо таваҷҷӯҳ кунед. Дар шеваҳо ба ақидаи Айнӣ, унсурҳои камёби қадимии забон нуҳуфтааст ва бояд он вориди забони меъёр шавад. Аммо то кунун аз шеваҳо ба забони адабӣ чӣ тавассути намояндагони сиёсат ва чӣ аз тариқи осори адабӣ аксаран унсурҳои камзарф ворид шудааст. Ба гуфтаи доктор Сайидов акунун вазъ дар ин самт бисёр нигаронкунунада мебошад. Ва дар тарғиби ин зуҳуроти номатлуб нақши расонаҳои электронӣ хусусан радио ва телевизон чашмрас аст ва истифодаи беш аз ҳадди вожаҳои лаҳҷавӣ дар осори адабӣ ва суханрониҳои умумӣ забони миллиро дар вартаи як буҳрон қарор хоҳад дод. Вале танзими истилоҳот ва иҷозаи истифода додан аз вожаҳои ноби шеваҳо кори Кумитаи истилоҳот ва Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти ба номи устод Рӯдакист, ки ба ақидаи донишмандон фаъолияти муассир дар ин самт надоранд. Устоди дигари шевашиносӣ, Искандар Сулаймоншоев мегӯяд то фарқи миёни лаҳҷаҳо ва забони меъёр аз миён наравад, забони воҳид ва тафаккури воҳид ба вуҷуд намеояд ва тоҷикон дар баёни фикр ҳамчунон мушкил хоҳанд дошт. Аммо воқеъият ин аст, ки дар гузашта ва имруз низ шева ё гуфтор муҳимтарин шиносонамаи афрод дар ҷомеаи Тоҷикистон аст. Дар ин ҷомеа ҳар нафарро аз лаҳни гуфтораш метавон ташхис дод, ки намояндаи кадом минтақа аст. Ва вомондагӣ дар сатҳи шеваи маҳал, ба ривояти шоҳидони ҳол, дар замони ҷанги дохилӣ барои хеле афрод ба ивази ҷон тамом шудааст. Дар замони ҷанги дохилӣ гуруҳҳои ба ҳам рақиб, аз шеваи шахс ташхис медоданд, ки ӯ намояндаи куҷост ва дар бисёр маврид гуфтугӯ бо лаҳҷа ё шева боиси қатли ашхос шудааст.

НАЗАРИ ХОНУМ ГУЛРУХСОР

Баъзе мухлисони лаҳҷа мегӯянд, дар ин масъала аз шоираи номвари тоҷик Гулрухсор пайравӣ мекунанд, ки аввалин бор аз минбар таллафузи шевагии вожаи "баланд"-ро ҳамчун "буланд" ба забон бурд. Аммо фаромӯш мекунанд, ки ин гоми яклаҳзаинаи шоира он вақт, дар миёнаи солҳои 70-ум, ин бештар ба эътирози сиёсӣ монанд буд, то ба кӯшиши бартарӣ додан ба шеваи маҳалли худ. Бо вуҷуди ин аз апаи Гулрухсор пурсидем, шумо ба ин ақида, ки шеваи гуфтор дар ҷомеъа ба лаҳҷаи саромадони давр бастагӣ дорад, чи баҳо медиҳед?
Гуфт: Ин ақидаи хусусии он шахсон аст, ки чунин мегӯянд. Забон кор ё моли як-ду нафар ва ё як-ду маҳал нест, балки умумимиллист ва тӯлонӣ. Кори халқ ва моли халқ аст.
Гуфтам: Дар ҳамин гузориш шунидем, ки рӯшанфикрон бояд ҷадал кунанд, забони адабӣ ва гӯишҳои маҳаллиро ба ҳам наздик ва васл намоянд. Шумо ба ин фикр розиед?
Гуфт: На. Баракс бояд сатҳи мардум ба сатҳи забони миллӣ ва адабӣ бардошта шавад. Воқеъияти имрӯз натиҷаи камсаводӣ ва нодонии мост.
Гуфтам: Шахсан ман, узр, ки мисоли хусусӣ меорам, аз солҳои донишҷӯӣ ба ин тараф, кӯшидаам, дар гуфтор аз зебоиҳои шеваҳои гуногун истифода кунам ва онҳоро ба ҳам васл намоям. Агар як ҳамин гуна ҷунбиши оммавӣ падид ояд, оё бар нафъи ваҳдати афкор ва забон нахоҳад буд?
Гуфт: Шояд ҳадафи нек бошад, аммо кори нобиғагоне монанди Толстой ва ё маҷмӯъи нобиғагони як қавм аст ва аз сӯи дигар бастагӣ дорад, ки мардум оё мепазирад ё на. Ҳофизаи мардум ҳар вожаи нозарурро ба зудӣ берун меафканад.
Гуфтам: Шумо ба кори шоироне ки бо лаҳҷа шеър менависанд, чи назар доред?
Гуфт: Ин хиёнат ба забони адабист ва чунин афродро маҳкум бояд кард. Ончи эҷодиёти шифоҳии мардум ном дорад, дигар аст ва ончи адабиёт ном дорад, дигар.
Гуфтам: Аммо бисёр зебоиҳое дар шеваҳо нуҳуфтаанд?
Гуфт: Оре, ман аз он ки Мавлоно вожаҳои "хиштак" ва " эзор"-ро ба ғазали худ ворид кардааст, дарёфтам, ки бояд зебоиҳоро кашф ва корбаст намуд, аммо ҳамонеро ки миллионҳо нафар ҳар рӯз ба забон мебаранд.

НАЗАРИ РАҲГУЗАРОН

Таҷрибаомӯзи барномаи Ҳамнафас дар Душанбе, Нилуфари Собир, аз раҳгузарон пурсид, оё ба лаҳҷа сӯҳбат кардан хуб аст ё нохуб? Яке гуфт, хеле бад аст ва сарварони телевизион бояд аз чунин вазъ пешгирӣ кунанд. Дуюмӣ: Хуб аст, махсусан дар филмҳо. Чунин филмҳо аз наворҳои Ҳолливуд ҳам беҳтаранд. Сеюмӣ: Ин беэҳтиромӣ ба намояндагони шеваҳои дигар аст. Чорумӣ: Дуруст аст, ки шеваҳо ганҷинаи забонанд, аммо меъёрҳои қабулшуда бояд риоят шаванд ва забони адабӣ ба замони оммавӣ табдил ёбад.

УСТОДИ ДУ ЗАБОН

Дар гӯшаи занги телефон ба Соҳибназар Ғайратшоев, устоди забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи Отто Фридриши шаҳри Бамберги Олмон тамос гирифтем. Вай панҷ сол пеш барои таҳсили нимсола ба ин донишгоҳ омад ва бо лаёқати худ устодони онро дар ҳайрат гузошт, то он ҷо ки таҳсили бештари ӯро хостанд ва ҳам омӯзгорияшро дар риштаи забони тоҷикӣ. Вай мегӯяд, ба олмониҳо забони тоҷикӣ ва ба форсизабонон забони олмонӣ ёд медиҳад. Соҳибназар як саҳифаи интернетӣ ҳам сохтааст, ки бахше аз он ба олмонӣ ва бахши дигараш ба тоҷикист. Донишҷӯён ва шавқмандон аз он забони дилхоҳи худро меомӯзанд. Бо номи "Тоҷикӣ ширинтар аст!" - www.tajiki-shirintar-ast.de
Вале донишҷӯёни олмонӣ, ки аз Соҳибназар забони тоҷикро ёд мегиранд, вақте ба Тоҷикистон сафар мекунанд, ба ду мушкили умда рӯбарӯ мешаванд. Ба саволи онҳо бо забони ширини тоҷикӣ тоҷикон ё бо русӣ ҷавоб медиҳанд ва ё бо лаҳҷаҳои худ, ки барои олмониҳо нофаҳмоянд.
Соҳибназар Ғайратшоев ҷавон ва пур аз нирӯст. Вай ҳанӯз издивоҷ накардааст ва мегӯяд, то луғати сезабонаи тоҷикӣ-олмонӣ-русиро таҳия ва нашр накунад, издивоҷ нахоҳад кард.
Соҳибназар моро ба арӯсии худ даъват хоҳад кард. Вай устоди забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи Отто Фридриши шаҳри Бамберги Олмон, ба олмониён аз ҷумла аз пасоянди "ро" дарс медиҳад. Пасванде, ки Айнӣ, Лоҳутӣ ва дигар ҳомиёни забон муваффақ шуданд аз нобудӣ наҷот диҳанд. Пас Рӯзи наҷоти пасванди "ро" ба соҳибони забони ширин муборак бод!
XS
SM
MD
LG