Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози Ғаффор Мирзоев ба мусодираи амвол


Ғаффор Мирзоев, раиси пешини оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон аз раис ва додситонии шаҳри Кӯлоб дархост кардааст, то анҷоми мурофиаи додгоҳӣ аз мусодираи молу мулки ӯ дар Кӯлоб худдорӣ кунанд. Дар дархости ҷаноби Мирзоев, ки тавассути ҳайати вакилони мудофеи ӯ ирсол мешавад, гуфта шудааст, ба ин далел,ки ҳоло ӯ дар маҳбас буда ва наметавонад аз ҳуқуқи худ озодона дифоъ кунад, бидуни ҳузури вай ва ё намояндааш масъалаи сарнавитшти молу манзили ӯ баррасӣ нашавад.

Қаюм Юсуфов, як тан аз вукалои дифои Ғаффор Мирзоев гуфт, тибқи қавонини ҷории кишвар ва ба вижа Қонуни асосии Тоҷикистон то хатми мурофиаи додгоҳӣ ва эъломи ҳукм ва қарори додгоҳ дар мавриди мусодираи амволи нафари боздоштшуда ҳеҷ кас ин ҳақро надорад, ки шахсро аз ҳуқуқ ба манзил маҳрум созад.

Масъалаи ба ихтиёри Донишгоҳи Кӯлоб вогузор кардани манзили зисти Ғаффор Мирзоев дар ин шаҳр ва ҳамчунин ба истифодаи кӯдакистон додани хонаи истиқоматии яке аз наздикони ҷаноби Мирзоев, ки ҳоло дар фирор ба сар мебарад, дар вохӯрии Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон бо фаъолони шаҳри Кӯлоб дар ҳафтаи қабл баррасӣ шудааст.Тибқи иттиллои расонаҳои дохилии кишвар, раисҷумҳури Тоҷикистон эълом кардааст, ки манзили зисти Ғаффор Мирзоев баъди тармим ва бозсозӣ ба истифодаи Донишгоҳи Кӯлоб дода хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, Манучеҳр Нуров - сардори идораи тафтишоти ҷароими сангини додситонии низомии Тоҷикистон гуфт, ӯ иттилоъ надорад, ки манзили зисти Ғаффор Мирзоев дар Кӯлоб соҳиби тоза пайдо кардааст. Вай гуфт, ин масъаларо танҳо додгоҳ метавонад ҳаллу фасл кунад.

Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамзамон бо боздошти Ғаффор Мирзоев, раиси пешини оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир дар як соли қабл ҳамаи корхона ва моликияти ӯро ба ҳабс гирифта ва баъдан бархе аз онҳоро ба мисли муассисаи тавлидоти маҳсулоти гӯштӣ ва тарабхонаи мавсум ба Ҷоми Ҷамшед ба фурӯш гузошта буд.

Генерал Ғаффор Мирзоев, ки ҳоло дар маҳбаси муваққати вазорати амният нигаҳдорӣ мешавад, гуфтааст, манзили зисташро дар Кӯлоб дар асоси қонунӣ харидорӣ кардааст ва маҳрум кардани ӯ ва аъзои хонаводаи ӯ аз истифодаи ин манзил хилофи меъёрҳои мавҷуда мебошад.
XS
SM
MD
LG