Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико: Барномаи афзоиши сармоягузорӣ дар Авруосиё


Бунгоҳи давлатии Иёлоти Муттаҳида дар умури сармоягузориҳои хусусии бурунмарзии Амрико (OPIC) аз соҳибкорони ин кишвар даъват кард, сармоягузориро ба иқтисодиёти кишварҳои шӯравии собиқ, аз ҷумла Тоҷикистон афзоиш диҳанд. Худи OPIC тасмим гирифтааст, ба кори ширкатҳое ки дар Арманистон, Гурҷистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Турманистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбакистон фаъолият доранд, то 33 дарсади сармоягузории онҳо мадади молиявӣ расонад. Сарпарасти мудирияти OPIC Росс Коннели гуфтааст, "бо чунин имдод OPIC мехоҳад, рушди иқтисодиро дар ин мамолик таҳрики бештар дода, имкониятҳои навро боз кунад."
Сармоягузории бунгоҳ ба густариши ширкатҳои мавҷуда, бозсохти иқтисодӣ ва хусусигардонӣ нигаронида хоҳад шуд. OPIC ҳамчун як бунгоҳи ҳукумати Иёлоти Муттаҳида дар соли 1971 таъсис ёфта, мақсадаш ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишварҳои дар ҳоли гузор ва ҷуброни хатарҳоест, ки ширкатҳои амрикоӣ ва ё муштарак дар ин мамолик рӯбарӯ мешаванд. То ҳол OPIC бо ин барнома 164 миллиард доллар сарф карда, ба ташкили 732 ҳазор ҷои кор дар ин кишварҳо мусоидат намудааст.
XS
SM
MD
LG