Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шариф Назаров: "Тоҷикистон ҳанӯз роҳ дорад!"


Шариф Назаров, сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон ҳанӯз ҳам имкон дорад, дар Ҷоми футболи Осиё - 2007 ширкат намояд. Мувофиқи феҳрасе, ки AFC - конфедератсияи футболи Осиё интишор намудааст, дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё - 2007 бисту панҷ тими миллӣ ширкат хоҳад кард. Тибқи ин феҳрас, аз минтақаи Осиёи Марказӣ дар ин бозиҳо танҳо Узбакистон намояндагӣ менамояд. Саҳифаи интернетии радиои Озодӣ аз Мишел Чай, мудири бахши равобити ҷамъиятии AFC аз тақдири дигар тимҳои Осиёи Марказӣ пурсон шуд. Ҷаноби Чай иллати адами вуҷуди исмҳои тимҳои дигари Осиёи Марказиро дар феҳраси ширкатдорони мусобиқаи мазкур чунин шарҳ дод:
«Тоҷикистон ва Туркманистон дар Ҷоми Осиё - 2007 ширкат намекунанд ба ин далел, ки дархости федератсияҳои миллии ин кишварҳо унвонии конфедератсияи футболи Осиё бо таъхир ворид шудааст. Ва аммо Қирғизистон баъд аз огаҳӣ ёфтан аз баргузории бозиҳои интихобӣ дар майдони худ ва меҳмонӣ, аз ширкат дар Ҷоми Осиё - 2007 худдорӣ кард.»


Ва аммо Шариф Назаров, сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон умедвор аст, ки ин масъала мусбат ҳал хоҳад шуд. Шариф Назаров гуфт, мо хоҳиш дорем дар ин мусобиқа ширкат кунем ва фикр мекунам раҳбарияти федератсияи футболи кишвар барои иштироки тими мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё муваффақ мешавад. Ҷаноби Назаров афзуд, кишвари бисту панҷуме, ки дар феҳраси AFC сабт шудааст, Яман мебошад. Вале фаъолияти иттиҳодияи футболи ин кишвар бинобар дахолати ҷиддии мақомоти давлатӣ ба кори он бо қарори кумитаи изтирории ФИФА муваққатан қатъ шудааст. Аз ин рӯ Тоҷикистон имкон дорад, ки бо рухсати AFC ба ҷои Яман дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё - 2007 ширкат намояд. Шариф Назаров ҳамчунин иттилоъ дод, дар ҳамин ҳол аъзои тими миллии Тоҷикистон дар ҳайати дастаҳои футболи лигаи олии ин кишвар дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми истиқлоли Тоҷикистон, ки дар вилояти Суғд ҷараён дорад, ширкат меварзанд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе.
XS
SM
MD
LG