Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои муштаракулманофеъ


Дар ҷаласаи вазирони умури хориҷаи кишварҳои муштаракулманофеъ рӯзи 23 август дар Маскав 15 масъала баррасӣ гардид, вале мавзӯъи ислоҳот ва такмили органҳои Ҷомеаи кишварҳои муштаракулманофеъ дар ҷаласа асосӣ дошт. Гуфта шуд, то ин замон иҷрои тасмимҳои иттиҳодия шарт набуд, вале акнун роҳҳои самарбахшии иҷрои ин қарорҳоро пайдо бояд кард.
Сергей Лавров - вазири умури хориҷаи Русия пас аз хатми ҷаласа дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, тарҳҳое, ки дар нишаст баррасӣ гардиданд, бояд дар иҷлоси сарони кишварҳои муштаракулманофеъ, 26 август дар Қазон тасдиқ шаванд. Лавров афзуд, тарҳи созишномаи ҳамкориҳои башарии кишварҳои узв баррасӣ гардид ва пазируфта шуд. Ин санад дар таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои ҳамсуд дар риштаи фарҳанг, маориф, илм, иттилоот, варзиш ва ҷаҳонгардӣ нақши муҳим хоҳад бозид.
Ширкатдорони ҷаласа тарҳи баёнияро дар робита ба 60-солагии СММ пазируфтанд ва ҳамзамон тасмим гирифтанд, ки соли 2006 соли кишварҳои муштаракулманофеъ эълом шавад. Дар ҷаласа ҳайъати Тоҷикистон таҳти сарпарастии вазири корҳои беруна Талбак Назаров ширкат кард.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG