Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА


ФИФА - Созмони байналмилалии футбол рейтинги нави эътибори тимҳои миллии ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро нашр кард. Тими миллии Бразилия бо 837 имтиёз миёни 204 кишвар мақоми аввалро ишғол мекунад. Мунтахаби Аргентина бо 782 имтиёз дар зинаи дуввум ҷой гирифтааст. Тими Ҳолланд бо 780 имтиёз дар ҷойи севвум мебошад.

Миёни тимҳои миллии қораи Осиё мунтахаби Эрон натиҷаи беҳтарин - 708 имтиёз ба даст оварда мавқеашро дар зинаи понздаҳуми рейтинги ФИФА нигаҳ доштааст. Вале тими миллии Ҷопон бо 706 имтиёз чаҳор зина поин ба ҷойи ҳабдаҳум фуромад. Мунтахаби Узбакистон бо 561 имтиёз нӯҳ зина поин - ба ҷойи шасту дуввум , тими Туркманистон бо 441 имтиёз ду зина поин - ба ҷойи яксаду ҳафтум ва мунтахаби Тоҷикистон низ бо 329 имтиёз ду зина поин - ба ҷойи яксаду чилу якум фуромаданд. Тими Қирғизистон бо 268 имтиёз мавқеашро дар зинаи яксаду панҷоҳу дуввум ва мунтахаби Афғонистон бо 54 имтиёз мавқеашро дар зинаи дусадум нигаҳ доштаанд. Зинаи охирин - 204 умро тими Гуам бо 20 имтиёз ишғол мекунад.
XS
SM
MD
LG