Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозӣ дар шаҳри Душанбе


Дар нахустин мусобиқаи қаҳрамонии кишварҳои узви ҷомеаи муштаракулманофеъ оид ба тирандозӣ, ки рӯзи сешанбеи 23 август дар шаҳри Душанбе, дар машқгоҳи тирандозии ҷамъияти мададгори мудофиаи Тоҷикистон оғоз шуд, ҳудуди чиҳил варзишгар аз Русия, Беларус, Арманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат доранд.

Мусобиқа дар тирандозӣ аз туфанг ва камон ба масофаи мухталиф то 25 август идома хоҳад кард. Ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон аз Сергей Бабиков, Сурайё Ҷумъаева, Замир Расулов, Раҳмат Холиқов, Марат Абдукаримов ва Ҷамила Муҳаммадова иборат аст.

Сергей Бабиков, тирандози машҳури Тоҷикистон дар робита ба ин мусобиқа ба Радиои Озодӣ гуфт, пешниҳоди баргузории чунин мусобиқот дар ҷаласаи шӯрои марказии иттиҳоди созмонҳои дифоӣ ва варзишии кишварҳои узви ҷомеаи муштаракулманофеъ матраҳ ва ҷонибдорӣ шудааст. Вай афзуд, боиси хушнудист, ки солҳои ахир ба рушди тирандозӣ дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мешавад.
XS
SM
MD
LG