Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қиссаҳои муҳоҷирон


Бо вуҷуди он ки ҷои кор доштаму гӯё маош ҳам мегирифтам, аз тангии рӯзгор сафари Русия кардам. Аз вокзали роҳи оҳан сар карда, бо милиса рӯбарӯ шудам, ки нимтоҷикию нирусӣ гуфт: "Эй бача, документи аст?" Ман бо худ санади хабарнигорӣ доштам, ки ҳар бор ба истилоҳ "ҷони маро мехарид." Дертар қайди расмӣ гирифтам ва аз милиса ҳаросе надоштам. Ҳар бор маро нигаҳ медоштанд, ҳуҷҷатҳоро медиданд ва раҳо мекарданд. Боре дар назди истгоҳи метрои "Измайлово" шоҳиди чунин рӯйдоде шудам. Милиса дар баромадгоҳи истгоҳи метро истода буд ва ҳар касеро, ки ба мардуми ғайрирус монанд буд, бозмедошту санадҳоро тафтиш мекард. Вай асноди маро диду чизе нагуфт ва мехостам биравам, аммо ҳисе маро нигоҳ дошт. Аз дур кори милисаро нигоҳ кардам. Вай дар тайи як соат тахминан асноди 30-35 нафарро тафтиш намуд, аммо ҳамеша ба давру бараш менигарист. Баъд дидам, ки як ҷавони тоҷикнамо наздики ӯ омад ва милиса ба вай чизе дод. Ҳисси кунҷковиям боло гирифту аз ақиби ин нафар рафтам ва дар назди бозори Черкиз мо ҳамсӯҳбат шудем. Фаҳмидам, ки аз Тоҷикистон аст. Ман пурсидам, шуғли вай чист. Гуфт, ҳеҷ, бо ҳамин милисаҳои бозор кор мекунему нони хӯрданро пайдо. Ман фаҳмидам, ки вай ба милиса афродеро, ки санади дуруст надоранд, нишон медодааст ва даромадро бо ӯ тақсим мекардааст.
Баъд аз чанде ба ватан баргаштам, аммо ин ҳодиса дар ёдам монд ва пайваста мисраеро ба хотир меорад, ки ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам, ки бо мо ҳарчи кард он ошно кард.
Бо самимият Хилватшоҳ
XS
SM
MD
LG